formula55
СИТОРАҲО ДАР ДАВРАИ ПАНДИМЕЯ ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?
3332

 

Дар ин шабу рӯзе, ки тамоми ҷаҳон мубталои пандемияи Covid-19 гаштаааст, тамоми соҳаҳо зарари иқтисодиву молиявӣ дида истодаанд. Аҳли фарҳангу санъат, эҷодкорон ва махсусан, сарояндагон дар ин шабу рӯз чӣ ҳол дошта бошанд?!

Сомонаи “Оила” ба хотири бохабар шудан аз вазъи зиндагии ситораҳои эстрада дар шабу рӯзи пандемия бо баъзе аз ҳунармандон дар тамос шуда, аз ҳолу аҳволашон огоҳ шуд. Биёед, бубинем, ки коронавирус ба ҳаёти сарояндагони тоҷик то кадом андоза таъсир расонидааст? Дар ин шабу рӯз ҳунармандон аз кадом ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранду чӣ мушкиливу дарди дил доранд?

ЗАЙНУРА ПӮЛОДОВА: РАМАЗОНРО ЯКҶОЯ БО КОРОНАВИРУС ПЕШВОЗ ГИРИФТАМ.

Дар ин шабу рӯз, ки баргузории тӯю маъракаҳо манъ карда шуданд, Шумо аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред?
- Айни ҳол даромад надорам, яъне пул кор накарда истодаам. Чизе, ки то имрӯз захира карда будам, майда - майда харҷ карда истодаам. Қоил мешавам, ки шумораи камаш аллакай боқӣ мондааст, вале умед дорам, ки ин вабо ба зудӣ аз ватани мо нест мешаваду боз мо ба корамон бармегардем.

- Мушкил нест дар хона нишастану аз саҳна дур будан?
- Дар ҳақиқат мушкил аст, зеро овозхон бе килипи нав ва бе такмили суруду оҳангҳои ҷадид зуд аз ёди мардум фаромӯш мегардад. Мисли дигар ҳунармандон ман ҳам дар хона тамрин дорам ва мақоли “поёни шаби сиёҳ сафед аст” - ро дар ин вазъият шиори худ кардаам

- Ягон машғулияти сердаромади дигар надоред?
- Ҳозир нест, вале бештар одамон аз ман хоҳиш мекунанд, ки маҳсулотҳои рекламавиашонро дар саҳифаҳои иҷтимоии худ таблиғ намоям. Бовар кунед, одати рад кардан надорам ва чӣ миқдор пуле, ки ба он реклама арзанда медонанду медиҳанд, қабул мекунам. Тамаъ надорам.

- Чӣ гуна худро аз сирояти коронавирус ҳифз намуда истодаед?
- Ман аллакай аз имтиҳони ин вабо гузаштам ва Худоро шукр мегӯям, ки ин дард ба зудӣ бадани маро тарк кард.

- Яъне, Шумо ҳам коронавирус шудед?
- Ростӣ, аниқ намедонам, ки коронавирус шуда будам ё дигар беморӣ, аммо нишонаҳо, аз қабили дарди ҳамаи аъзои бадан, таби баланд, ҳис накардани бӯю беҳолу бемадор гаштанро эҳсос мекардам. Як рӯзи дароз ин нишонаҳо азиятам доданд, вале сари вақт ба духтур муроҷиат карда, ба тавсияи онҳо пардохтам. Тез – тез об менӯшидаму доруҳои зиддидардӣ, ба мисли парасетамолу анаферонро се вақт истеъмол мекардам.

- Наздиконатон аз ин дард сироят наёфта буданд?
- Духтарчаамро ҳам якчанд рӯз ин нишонаҳо ранҷ доданд, вале хушбахтона бо доруву дармон ин бало аз сари мо дур шуд. Мо ҳамаамон се рӯз ранҷ кашидем. Худоро шукр мегӯям, ки ин дард ба зудӣ моро раҳо кард.

- Гуфта метавонед, ки кай ва дар куҷо сироят шудаед?
- Рӯзи аввали моҳи Рамазон буд, ки ин дард ба ман ёр гашт. Аниқтараш нишонаҳои он дар ман пайдо шуданд ва зуд бо духтур дар тамос шуда, ба табобат пардохтам. Ростӣ, гуфта наметавонам, ки аз куҷо ин вирус ба ман сироят кардааст, вале хуб медонам, ки одами ҷамиятияму зуд - зуд бо мардум рӯ ба рӯ мешавам. Махсусан, вақтҳои охир зиёд дар кӯча будам.

- Ба хонандагони “Оила” дар ин давраи вазнин чӣ гуфтан мехоҳед?
- Ба кулли хонандагони азизи Шумо, ки аслан мухлисони мананд, тансиҳатӣ ва хушбахтӣ таманно дорам. Худу наздиконатонро аз ин балоҳо ҳифз намоед, дӯстонам!

(ФАРДО СОАТИ 9 ДАР МАВЗУЪИ МАЗКУР СӮҲБАТИ МОРО БО САРОЯНДАИ ШИНОХТА ЗАФАР АБДУАЛИМОВ ИНТИЗОР БОШЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД