Капитани тими мунтахаби футболи Португалия ва бозингари дастаи футболи "Ювентус" - и Турини Италия Криштиан Роналдо ба бемории коронавирус гирифтор шудааст. Дар ин бора хабаргузории русии «Новости» бо такя ба Федератсияи футболи Португалия иттилоъ дод.
Тибқи ин хабар, ҳамлагари 35 - солаи мунтахаби Португалия ягон нишонаеро аз сар намегузаронад ва ҳоло дар карантин қарор дорад. Роналдо дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи миллатҳои УЕФА бо Шведсия, ки рӯзи чоршанбеи 14 - уми сентябр дар Лиссабони Португалия доир мегардад, ширкат намеварзад.
Рӯзи якшанбеи гузашта Роналдо тамоми дақиқаҳо дар бозии Лигаи миллатҳо муқобили тими мунтахаби Фаронса, ки дар Сен-Дении канори Париж баргузор шуд ва бо натиҷаи мусовӣ - 0: 0 анҷом ёфт, иштирок дошт.
Хабар дода мешавад, ки озмоиш барои COVID-19, ки аз ҷониби тими миллии Португалия субҳи сешанбе гузаронида шуд, ягон ҳолати дигари сироятро ошкор накард.
Криштиану Роналду душ Сантуш Авейру 5 феврали соли 1985 дар шаҳри Фуншал таваллуд шудааст. Дар тими италиявии Ювентус ҳамчун ҳамлавар ва дар дастаи мунтахаби Португалия бозӣ мекунад.
Дар таърихи тими “Реал Мадрид” бомбардири беҳтарин ва дар ҳайати Португалия низ. Ӯ аз тарафи Федератсияи футболи Португалия дар таърихи Португалия ҳамчун беҳтарин футболбоз ҳисобида шуд.