Spitamen
СИТОД НАЗДИ РАИСИ ВМКБ ОИДИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНОВИРУС Ё ХУД COVID 19
4271

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов таваҷҷуҳи аъзоёни ситоди вилоятиро барои иҷро намудани супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди пешгири намудан аз сироятёби ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷалб намуда иброз дошт, ки мубталошави ба бемори сироятии короновирус ё худ covid 19 моро ором гузошта наметавонад.

Ин аст, ки Раёсати тандурустии вилоят, Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ҳамчун ҳамоҳангсоз дар ҳамкори бо идораи телевизион ва радиои ВМКБ ҷиҳати пешгири ин бемори бо ҷалби табибони соҳа корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бештар ба роҳ гузошта аҳолии вилоятро ба худмуҳофизати аз сироятёби ба ин бемори талқин намоянд. Гуфта шуд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии ҳаргуна бемории сирояти ин истифодаи ниқоб ва дигар маҳлулҳои безараргардонида ба хисоб меравад. Аз ин рӯ раиси ВМКБ ба ҳар як идораву муассиса ва корхонаву ташкилот дар ҳудуди вилоят фаъолиятдошта дастур дод, ки кормандони худро бо ниқоб ва дигар маҳлулҳои антисептики таъмин намоянд. Вобаста ба таъмин намудани идораву муассисаҳо ва корхонаву ташкилотҳо бо ниқоб имрӯз дар Ҷумуҳрии Тоҷикистон корхонаҳои зиёд ба духти навъҳои гуногуни он марок зоҳир намуда истодаанд. Аз ҷумла корхонаи Кохи Бонувони ноҳияи Дарвоз имконияти хуби духтан ва бо нархи дастрас таъмин кардани аҳолии вилоятро дорад аз ин ру масъулин метавонанд ба шуъбаи саноат ва дастгоҳи раиси ВМКБ дар самти таъминкуни бо ниқоб муроҷиат намоянд. Зеро вазифаи ягонаи ҳар яки сокини вилоят пеш аз ҳама муҳофизати гирду атроф ба ҳисоб меравад. Ба Раёстаи тандурустии вилоят ва Маркази назорати давлатии санитари ва эпидималогии вилоят дастур дода шуд, ки дар ҳамин шабу руз фаъолияти ошхонаҳо, ҷойҳои савдои либос, маҳсулоти сохтмони, кошонаҳои ҳусн, сартарашхона ва савдои кучагиро зери назорат гирифта фаъолияти онҳоро дар фосилаи кутоҳи вақт катъ намоянд ва фурушандагони маҳсулоти хуроквориро ҳатман ба истифодаи дурусти ниқоб ҷалб намоянд.

 

 

Дар робита ба безарарагардонии роҳҳо, кучаву хиёбонҳо ва бозори марказии шаҳри Хоруғ, раиси ВМКБ он нуқтаро баён намуд, ки давоми чанд руз аз ҷониби РВКД роҳҳои асосии ҳудуди шаҳри Хоруғ безарар гардонида шуда минбаъд низ ҳафтае ду маротиба ин амали нек аз ҷониби масъулини раёсат идома хохад ёфт. Ҳамчунин таваҷҷухи аъзоёни ситоди вилояти оид ба пешгирии бемориҳои сироятии ба фаъолияти нақлиёти мусофирбар дар ҳудуди вилоят ва безараргардонии онҳо ҷалб гардид супориш дода шуд, ки даромадани шахсони бе никобро ба воситаҳои нақлиёт иҷозат надиҳанд.
Ҳамзамон раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба масъулини КДАМ ҶТ дар ВМКБ, РВКД ва Раёсати тандурустии вилоят дастур дод, ки воридкунии ҷасади одамони фавтида аз дигар минтақаҳои кишварро таҳти назорати махсус карор дода онҳоро мутобиқи талаботҳои маркази назорати давлати санитари ва эпидималогии вилоят безарар гардонда дар ҳолати махсус ҷаноза ва ба хок супориданд. Гуфта шуд, ки дар ҳамин шабу рӯз маҳдуд намудани фотеахони ва дигар маросимҳои хурсанди, чорабиниҳои оммавӣ низ ба манфиати кор хоҳад буд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки шахсоне, ки вориди вилоят мегарданд ҳатман дар муддати 14 шабонаруз дар карантин қарор дода шаванд. Раиси вилоят аз фаъолияти сусти Раёсати тандурустӣ дар марвиди надоштани омори дақиқ ва қобилияти таҳлили ҳаррӯзаи сироятёби ба бемориҳои сирояти изҳори нигарони намуда талаб намуд, ки дар ҳамкори бо Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ин масъаларо ҷонок намуда ҳамаруза ба раиси вилоят маълумотҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.

Инчунин роҳбарияти вилоят аз риоя нагардидани Фармони Пешвои миллат ва Пешвои Исмоилиёни дунё дар мавриди қатъ намудани намози дастаҷамъона дар ҷамоатхонаҳо изҳори нигарони намуда барои бартараф намудани ин мушкилот дар маҳаллаҳои Тирчид ва УПД масъулинро вазифадор намуд. Гуфта шуд, ки дар ин шабу руз бояд сокинони вилоят аз ҷойҳои серодам канораҷӯӣи намоянд ва беҳтарин роҳи пешгирии бе мориҳои сирояти муҳити хонаро интихоб намоянд.

Раиси ВМКБ зимини ҷаласаи ситоди вилояти таваҷҷухи аҳли нишастро ба нарху наво дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят, роҳкирои мошинҳои мусофирбар аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ ҷалб намуда иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ин масъаларо зери назорати катъи қарор дода фаъолияти кориро дар ин самт боз хам ҷонок хоҳад намуд.
Гуфта шуд, ки дар вилоят реҷаи махсуси фуруши орд о аз ҷониби Агентии захираҳои моддии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ гузошта шуда ҳамаруза ба бозори марказии шаҳри Хоруғ микдори то 10 тонна орд ворид мегардад. Тибқи нақша дар ояндаи наздик барои таъмин намудани сокинони шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят бо орд фуруши он маҳалла ба маҳалла ба роҳ гузошта хоҳад шуд. Раиси вилоят қайд намуд, ки дар рӯзҳои наздик роҳҳо байни Ҷумҳурии мардумии Чин ва Тоҷикистон боз хоҳад гардид ва воридкунии маҳсулоти ниёзи аввал ба шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нав барқарор хоҳад шуд.

Як ҳафта боз дар муассисаҳои таълими ва боғчаҳои бачагона бо мақсади безарар гардонидани синфхонаҳо бо маҳлулҳои махсуси безараргардони, толибилмон ба таътили иловагӣ фаро гирифта шуданд. Аммо гашту гузори бемавриди хонандагони муассисаҳои таълими ва кудакони боғчаҳои бачагона дар боғҳои фароғати бозори марказии шахри Хоруғ ва дигар кучаву пасткучахо зиёд ба мушоҳида мерасад. Дар ин самт Раёстаи маориф ва илми ВМКБ, РВКД ва бахши хифзи хуқуқи кудаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ вазифадор карда шуданд, ки назоратро пурзӯр намоянд ва дар сурати дубора такрор шудани ин амал волидайн ба ҷавобгари кашида хоҳанд шуд.
Бо мақсади дастгирии табибони ҳозики ВМКБ, ки шабу рӯз бо карантиншудагон кору фаъолиятро пеш бурда истодаанд, баъди ба итмом расидани мӯҳлати фаъолият ҳавасманд гардонида хоҳанд шуд, иброз дошт раиси ВМКБ Ёдгор Файзов. Гуфта шуд, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ин мухофизат намудани табибон дар ин шабу руз ва фароҳам овардани шароит барои табибон ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараени ситоди вилояти раиси вилоят ба масъулини консули минтақавӣ дар ВМКБ бо ташкили гурӯҳи ризокорон дар худуди вилоят баҳри муосидат ба таъмини низом, расондани кӯмак ба шахсони барҷомондагон, кӯҳансолон барои харидории хуроку дигар лавозимот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа баҳри пешгирӣ аз сироятёби ба бемориҳои сироятӣ аз ҷониби аъзоёни ситод таклифу пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуданд.

Бахши таҳлилӣ - иттилоотии дастгоҳи раиси ВМКБ

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Shamolbek 2020-05-01, 18:21
кори нагз
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Shamolbek 2020-05-01, 18:21
кори нагз
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД