-Хосиятбону, Наврӯз муборак бошад! Шунидем, ки дӯстдоштатарин таоми наврӯзии мардуми Зарафшон “Оши турушак” аст. Шумо, ки зодаи ин диёри бостонӣ ҳастед, тарзи тайёр кардани ин хӯроки аҷибро ба хонандагони мо мефаҳмонед?
-Бо ҷону дил! Барои тайёр кардани “Оши турушак” бо ғелак ним кило гӯшти қима, 4-5 дона пиёз, як қошуқ зира, каме қаламфури хушк, як қошуқ бӯгзор, яъне кабудиҳои хушки кӯфташуда, каме намак ва алафҳои баҳорӣ аз қабили ҳулбӯ, юнучқа, газанда лозим аст. Маҳсулотҳои номбурдаро бо ҳам нағзакак омехта намуда, аз қимаи тайёршуда ғелакчаҳои кулӯлача месозем. Ғелакчаҳоро дар равған сурх карда мегирем. Дар деги дигар каме пиёзро зирбонда, об меандозем. Дег, ки ҷӯш омад, ғелакчаҳоро андохта, оташро паст мекунем, то маҳин биҷӯшад. Аз обу орду намак хамир шӯрида, угро мебурем. Акнун дар ягон деги нисбатан калонтар об андохта, намак мепошем, вақте ки об ҷӯшид, угрои буридаамонро меандозем. Угроро бо чӯби махсус кофтан лозим аст, то ба ҳамдигараш начаспад. Угро бояд дар оташи нисбатан баландтар ҷӯшад, алов паст бошад, хамир мешавад. Вақте ки угро қариб пухт, ба дег алафҳои дар болои зикршударо реза карда меандозем. Оши туршак, ки пухт, онро ба косаҳо кашида, ғелак меандозем ва кабудиҳои баҳориро мепошем.