Дирӯз тариқи телевизони "Тоҷикистон" хабар пахш гардид, ки омори сироятшудагон аз COVID-19 ба 128-нафар расидаанд ва дар ин байни ин миқдор ҳамагӣ 2-кас аз коронавирус фавтиданд.
Ду рӯз қабл шабакаи мазкур шумораи сироятёфтагонро 76 нафар гуфта буд. Аз ин бар меояд, ки шумори беморон дар кишвар рӯ ба афзоиш аст.
Аз таҳлил бармеояд, ки давоми як шабонарӯз дар Тоҷикистон 52 ҳолати нави коронавирус сабт гардидааст.
Бинобар гузориши тв "Тоҷикистон" то саннаи 2 – юми май, 2 ҳазору 782 нафар зери назорати табибон қарор доштанд. Аз ин миқдор 217 нафар пас аз гузарондани ташхис дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.