Formula novemver 2024
Сири оилаи худро баровардан чи хатар дорад?
26.02.2023
Оила
1264

 

Мавзӯе, ки имрӯз мо атрофи он ҳарф мезанем, хонавода ва сири он мебошад. Вақте духтар ба ҳаёти мустақил қадам мемонад, аввалин насиҳати модар ба ӯ ҳамин аст: “Сири хонаводаатро ҷойи дигар магӯ!”

 Оила давлати хурдакакест, ки дар он мард подшоҳ ва зан вазир мебошад. Ҳар як давлат сирҳое дорад, ки онро аз бегонаҳо маҳфуз медорад. Оилае, ки сири он аз байни деворҳои хонавода берун мешавад, оқибат рӯ ба харобӣ меорад, зеро беҳтарин гавҳар, боварӣ аз даст меравад.

 Агар зану шавҳар ба ҳам эътимод надоранд, ин гуна оиларо оилаи хушбахт номидан хатост!

 Байни зану шавҳар сирҳое мавҷуд аст, ки онро ҳатто донистани фарзандон мумкин нест.

 Зане, ки асрори хонаводагияшро ба шахси сеюм нақл мекунад, аввалин рахнаро ба девори оилааш бо дастони худаш мегузорад.

 Ҷангу моҷарои байни худату шавҳарат сар задаро ҳаргиз ба хонаи модарат набар, зеро ту ва шавҳарат боз дӯст мешавед, вале назди модару падарат ҳурмати ӯро барқарор кардан ѓайриимкон аст.

 Баъзеҳо дилашонро назди дугонаҳояшон холӣ карда, дар роз гуфтан сарҳади эътидолро мегузаранд, фаромӯш накунед, ин хеле бад аст.

 Дар урфият мегӯянд, ки ѓайбати худиро намоӣ, эътиқоди бегона мепарад, ту дар назди шахсони бегона наздиктарин шахс, шавҳаратро бадгӯи мекунӣ ва обрӯйи худатро мерезӣ.

 Баъзеҳо асрори даврони дӯстиро ҳангоми душманӣ фош мекунанд, аз ин рӯ, ба ҳар кас бовар макун!

 Бадтарин кор дар назди фарзандон бад гуфтани падари онҳост, дами пирӣ самараи ин ғайбатҳоятонро дида, сахт пушаймон хоҳед шуд.

 Агар сахт эҳсосотиед, сири дилатонро ба об гӯед, нависед, рӯ ба рӯ бо оина гуед, то касе нашунавад. Навиштаҳоятонро баъди чанд бор хондан сӯзонед.

Хулоса, сири оилавии худро ба кӯча баровардан хислати бад аст, на танҳо барои зан, барои мард низ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД