arzon replenishment
"Сир"-и одамони дарозумр
1259
no-img


Муҳаққиқи National Geographic Дэн Буеттнер парҳези одамони дарозумрро мушоҳида карда, дар бораи онҳо ба аудиторияи васеъ сухан гуфт,- менависад South China Morning Post.

"Ба гуфтаи Буетнер, одамоне, ки дар кишварҳои пешрафта зиндагӣ мекунанд, ба далели тарзи зиндагии носолим ба ҳисоби миёна 14 соли умри худро аз даст медиҳанд".

Сабабҳои асосии ин аз ҳад зиёд истеъмолкардани маҳсулоти гӯштӣ ва панир, инчунин хӯрокҳои коркардшуда мебошанд.
Коршинос мегӯяд, 95 дар сади ғизои одамоне, ки беш аз сад сол умр мебинанд, аз меваву сабзавот иборат аст. Онҳо аксар вақт лӯбиё, кабудӣ, карам, испаноқ, чормағз ва ғалладонаро мехӯранд.

Коршинос тавсия медиҳад, ки аз хӯрокҳои коркардшуда, аз қабили ҳасиб ва ба ин монанд худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин ба онҳое, ки мехоҳанд умри дароз дошта бошанд, тавсия дода мешавад, ки дар як ҳафта бештар аз се тухми мурғ нахӯранд ва истеъмоли шакарро кам кунанд. Бештар моҳӣ ва зироатҳои лӯбиёгӣ хӯрда, аз нӯшидани машрубот хурддорӣ кардан боиси дароз шудани умри инсон мегаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД