Рӯзи 18-уми октябр дар доираи Синамоҷашнвораи III миллии «Душанбе: Тоҷи Сомон» (15-19-уми октябр) дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Қирғизистон баргузор мегардад.
Чорабинӣ шоми 18-уми октябр дар кинотеатри «Наврӯз» оғоз шуда, дар он намояндагони соҳаи синамои Тоҷикистону Қирғизистон, коргардонҳо, таҳиягарон, ҳунармандон ва аҳли фарҳангу ҳунар иштирок мекунанд. Ба тамошобинон се филми тозаи синамои муосири Қирғизистон - «Фармоиш», («Заказ» - коргардон Достон Мадалбеков), «Мо ду нафар», («Экообуз» - коргардон Динуҳаммад Орозбеков) ва «Асир» («Туткун» - коргардон Темир Бирназаров) пешниҳод хоҳанд шуд.
Ин чорабинӣ имкони хубест барои шиносоӣ бо синамои муосири Қирғизистон ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву эҷодии ду кишвари ҳамсоя.