Arzon march 2024
Симчӯби сархӯр Ҳадиятуллоро ҷавонмарг гардонд
1143

 

Аждари хуношоми марг ҳамеша думболи одамизод мегардад ва кас намедонад, ки марги беамон кай ва дар куҷо ба гиребонаш панҷа мезанад. Сарнавишти талхи Ҳадиятуллои ноком далели равшани ин гуфтаҳост...

Ҳадиятулло ҳамагӣ 23-сол дошт ва дар дил орзуву ҳавасҳои зиёде мепарварид, аммо як лаҳзаи фориғболӣ боиси сар задани фоҷиаи талхе гашта, риштаи умри ин ҷавони номурдро бераҳмона барканду дар дили падару модари синачок ва пайвандони хунинҷигараш доғи абадӣ ниҳод. Доғи ҷонгудозе, ки ҳатто баъди солҳои дароз низ захми сӯзонаш ҳаргиз шифо нахоҳад ёфт. Ҳадиятуллои ҷавонмарг қурбони як хатои хеш гашта, ҷни ҷавонашро ба сахтӣ ба ҷонофарин супурд. Тавре ки вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 19-уми август, тахминан соатҳои 03:40-дақиқа сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Султонхӯҷаев Ҳадиятулло Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи марказии шаҳри мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби бетонӣ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Султонхӯҷаев Ҳ.С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД