Arzon march 2024
Сигор кашӣ гунаҳкор мешавӣ?
789

Сигор кашӣ гунаҳкор мешавӣ?
Ман сигоркаш ҳастам. Шукри Худованд намоз ҳам мехонам. Баъзеҳо бар он андеша ҳастанд, ки сигор кашидан аз нигоҳи ислом раво нест. Фаҳмидан мехостам, ки ин андеша то куҷо ҳақиқат дорад? Дигар ин, ки сигор таҳоратро мешиканад ё не?
Фирдавс Норбев, ш. Истиқлол.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ҳар он чизе, ки ба саломатии инсон зарар дорад, дини мубини ислом онро мамнуъ медонад. Дар китоби Нуруллизоҳ ва шарҳи он “Мароқи фалоҳ” оварда шудааст, ба хотири сусту заиф кардани тан Худованд онро мамнуъ эълон кардааст. Бо кашидани нос ва сигор даҳони одам бӯйи бад пайдо мекунад, ғайр аз ин, ин одатҳои бад ба буҷаи оила хароҷоти иловагӣ мебошанд, ки аз нигоҳи дини мубини ислом исроф маҳсуб меёбад. Барои ҳамин фарди мусалмон бояд аз сигоркашӣ худро дар канор бигирад, вале дар аксари ҳолатҳо одамон ҳарчанд хуб медонанд, ки ин маводҳо заҳри қотил ҳастанд, дидаю дониста ба саломатии худ зиён мерасонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД