Маҳсулоти лозима:
1 бандча сиёҳалаф, 2 литр об, ним пиёла биринҷ ё 1 қошуқ орд, намак.
Тарзи таҳия:
Сиёҳалаф таоми парҳезии баҳорӣ маҳсуб меёбад. Ин хӯрок дар байни мардум ҳамчун “шӯлаи сеалаф” ё “сиёҳалаф” маъмул аст. Тарзи пухтанаш чунин аст:
Растании сиёҳалафро тоза карда шӯед ва реза кунед. Ба дег ним пиёла биринҷ ва об андохта ҷӯшонед. Метавонед барои ғафстар шуданаш каме орд пошед. Пас аз он, ки биринҷ қариб пухт, ба дег намак пошида, сиёҳалафи решазударо андозед.
Пас аз он ки сиёҳалаф пухт, онро ба косаҳо кашида бо чака истеъмол намоед. Дар таркиби сиёҳалаф йод мавҷуд буда, барои бартараф намудани бемории ҷоғар (зоб) муфид мебошад.