Formula novemver 2024
Шумораи ғарқшудагон меафзояд
321


Фасли тобистон айёми оббозӣ аст, вале бо сабаби риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ шумораи ғарқшудагон торафт афзуда истодааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода иброз намуд.

Назарзода гуфт, дар бадали 7 моҳи соли равон 127 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки ин бисёр ташвишовар мебошад. Ба хотири пешгирии ҳодисаҳои нохушии ғарқшавии одамон дар об кумита ҳамарӯза корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст, вале аксаран худи аҳолӣ ба ин масъала бепарвоёна муносибат мекунанд. “Махсусан падару модарон бояд эҳтиёткор бошанд ва ҳангоми ба сайру саёҳат ё соҳили руду дарёҳо рафтан фарзандонашонро бе назорат нагузоранд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ 86 нафар бар асари ҳодисаҳои нохуши дар обҳо рӯйдода ҷони худро аз даст доданд. Аз ин шумора 8 нафар кӯдакони то 4-сола, 9 нафар аз 5 то 10-сола, 23 нафар аз 11 то 16 сола мебошанд”-таъкид намуд Назарзода.

Ба иттилоъи кумита 28 нафар ғарқшудагон аз 17 то 35 сола ва 8 нафар одамони аз 35-сола боло будаанд. 7%-и ғарқшудагон бо мақсади худкушӣ худро ба оби каналу дарёҳо партофта, боқӣ ҳангоми оббозӣ ғақ шудаанд ё аз бепарвоии атрофиён ба об афтида, ҷони худро аз даст додаанд.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД