Formula novemver 2024
шумораи №13 ҳафтаномаи “Оила”
30.03.2022
Оила
955

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома дар мавриди тарки саҳна намудани сарояндаи зебову хушсадо Сарвиноз Юсуфӣ пурсон шудааст. Овозаи дигар оиди мусибатест, ки чанде қабл ба сари сарояндаи маҳбуб Шабнами Тоҷиддин омада буд.

Қиссаи “Латтамард” сарнавишти марди худхоҳу худшефтае аст, ки бо ҳаёти духтаре бозӣ карда, дар охир подоши амалҳои худро мебинад.
“Духтарам душманам шуд” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз рӯзгори марди дузана ва бахлу ҳасуди зани дуюми ин марду дар натиҷа ба душмани модар мубаддал гаштани фарзанд навишта шудааст.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Пойҳоятон “грибок” доранд?” сабабҳои пайдоиши бӯйи бад ва арақи пой, роҳҳои пешгирӣ ва табобати он дарҷ гардидааст.
Рубрикаи “Асрори зебоӣ” бо маводи “Муъҷизаи оби биринҷ ва картошка” барои бонувоне таҳия мегардад, ки ҳамарӯза ба ҳолати мӯй ва пӯсти рӯйи худ диққати хоса зоҳир менамоянд.
Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” таҳти унвони “Аз корҳои кардаам шарм медорам!” мавод оиди сафари Ҳаҷ намудани ҳаҷвнигори ҷавону шинохтаи тоҷик Дӯстмурод Шарипов дарҷ гардидааст.
Қиссаи “Ишқи араб” аз рӯзгори зане навишта шудааст, ки аз сардиву бемеҳрии наздикон хаста шуда, бахту саодати худро берун аз Ватан пайдо намуда, имрӯз дар кишвари бегона дур аз пайвандон умр ба сар мебарад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД