arzon replenishment
Шукрона ризқи инсонро зиёд мекунад?
01.05.2022
Оила
1546

«Худованд шукркунандагонро дўст медорад»- ин ҳадиси Расули Акрам аст. Шукрона кардан, яке аз хислатҳои зебои инсон, хоса бонувон аст, зеро аз ношукрӣ сад бало сар мезанад. Имрўз мо аз манфиати шукрона ҳарф мезанем.

Як байти машҳурест:
Аз шукр шакар зиёда гардад,
Ношукр зи хар пиёда гардад….
Ба таҳлили ин байт ҳоҷат нест, ту онро мувофиқи завқи хеш дар тарозуи андешаат бикаш

1. Ҳеҷ гоҳ ба нафари аз худат сарватмандтар бо назари ҳавас нигариста, аз додаҳои Худо ношукрӣ макун, ба он нафаре нигар, ки ниёзманд асту дастнигар.
2. Ту намедонӣ, ки даҳҳо нафаре ҳаст, ки ҳаваси зиндагии туро мехўранд.

3. Ҳар саҳар бо табъи болида ва дили саршори меҳр ба коргоҳат қадам гузор, зеро инсонҳое ҳастанд дар ҷустуҷўи кор овораанд.

4. Шукронаи хонаву дари обод ва фарзандони солиматро намо, муҳим дар зиндагӣ ҳамин аст, дигарашро худат метавонӣ ба даст биёрӣ.

5. Зиндагӣ маҷмўаи бешу камист, дар тангдастиҳо аз гиребони шавҳар нагир, баръакс дар бараш бошу дилтангиҳояшро марҳам шав.

6. Ба фарзандонат қаноат карданро омўз, қаноат сарчашмаи шукр аст.

7. Хар чизеро, ки ба даст овардӣ, дар як рўз ба бод мадеҳ.

8. Ояти шукрона ба лаб аз Худои хеш барои он чӣ ки додааст, миннатдор бош ва ў надоштаҳоятро ба ту медиҳад.

9. Худованд шокиронро дўст медорад, ин ҳадиси Расули Акрам аст. Шукр варзидан ризқро зиёд мекунад.

10. Аз ҳамсарат аз доираи имконияташ берун коло талаб макун, беҳуда нагуфтаанд:
-Бисёр талаб макун ба кам зор шавӣ.

Хеҷ гоҳ шукр карданро ба гўшаи фаромўшӣ наафкан!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД