goodwell
Шуъбаи маориф ба навори баҳсбарангез вобаста ба МТМУ №98 посух дод
23.09.2026
Oila.tj
185

Шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба наворе, ки шаҳрванд Исломов Муҳаммадвалӣ Саймуродович дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст ва дар он фаъолияти роҳбарияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98 ва тартиби қабули хонандагон мавриди баҳс қарор гирифтааст, вокуниш нишон дод.

Дар вокуниши шуъба гуфта мешавад, ки ҳуқуқи ҳар як кӯдак ба таҳсил кафолат дода шуда, қабули хонанда ба муассисаи таълимӣ тибқи тартиби муқарраргардида ва бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ сурат мегирад.

Шуъбаи маориф таъкид кардааст, ки агар фарзандони Исломов воқеан 15 рӯз аз таҳсил дур монда бошанд, бояд муайян карда шавад, ки онҳо дар ин муддат дар кадом муассиса ва бо кадом тартиб ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба гуфтаи шуъба, таъмини иштироки мунтазами кӯдак дар дарсҳо танҳо масъулияти муассисаи таълимӣ набуда, падару модар низ дар ин масъала масъулият доранд.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки бояд муайян шавад, оё барои қабули кӯдакон ба МТМУ №98 аризаи расмӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод шудаанд ё не. Ба таъкиди мақомот, танҳо дар асоси изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ наметавон хулоса кард, ки муассиса расман қабули хонандаро рад кардааст.

Дар вокуниш инчунин ба эродҳои нисбат ба директори муассиса баёншуда дахл карда шуда, гуфта мешавад, ки баҳои шахсӣ ва айбҳои умумӣ, то замони бо далелу санадҳои мушаххас тасдиқ нашудан, ҳамчун ҳолати муқарраршуда арзёбӣ шуда наметавонанд.

Шуъбаи маориф аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар сурати доштани далелҳои мушаххас оид ба фаъолияти директор ё муносибати ӯ бо падару модарон, бо нишон додани сана, ҷой ва ҳолатҳои дахлдор ба мақомоти масъул муроҷиат кунанд.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Сино дар ҷамъбасти вокуниш гуфтааст, ки масъалаи қабули хонандагон бояд дар асоси ариза, ҳуҷҷатҳои зарурӣ, далелҳои мушаххас ва талаботи қонунгузорӣ ҳал карда шавад.

«Ҳадафи асосӣ таъмини ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил, фароҳам овардани муҳити солими таълиму тарбия ва ҳалли масъалаҳо бо риояи қонун ва эҳтироми тарафайн мебошад»,- омадааст дар вокуниш.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД