Раёсати динии мусулмонони Русия дар асоси пешниҳоди прокурори генералии ин кишвар тасмим гирифтааст, ки фатвои худро ҷиҳати ба мардони мусалмон барои то 4 зан гирифтан иҷозат додан бекор созад. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Шамил Аляутдинов, раиси Шӯрои уламои дини Русия дар шабакаи Telegram навиштааст, ки қарори мазкур бо сабаби маълумоти Додситонии кулл дар бораи даъвати бекор кардани ин фавто ва “вокуниши ҷомеаи Русия” қабул шудааст.
“Шӯрои уламои Раёсати динии мусулмонони Русия ба баҳс пардохтан сари ин масъаларо зарур намедонад”,- илова кардааст Аляутдинов.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 19-уми декабр Шӯрои уламои дини Русия дар бораи содир намудани фатвое хабар дода буд, ки тибқи он ба мардони мусулмон барои бастани чор ақди никоҳи динӣ иҷозат дода мешуд. Таъкид шуда буд, ки агар ҳамсари мард бо сабаби саломатӣ имконияти таваллуд кардан надошта бошад, қобилияти репродуктивиаш ба охир расида бошад, номувофиқатии ҷинсӣ вуҷуд дошта бошад ё зан хоҳиши таваллуди фарзандонро надошта бошад, мард метавонад то 4 зани дигар бигирад. Занҳо бояд аз ақди никоҳ доштани шавҳарашон бо занони дигар огоҳ карда мешуданд, вале баъди даъвати додситони кулли Русия фатвои мазкур аз ҷониби Шӯрои уламои дин дар Россия бекор карда шуд.
Тибқи қонунгузорӣ дар Федератсияи Русия дар сурати ҳадди ақал дар як ақди никоҳи расмӣ қарор доштани ҳамсарон, бастани ақди никоҳи дигар ғайриимкон аст.