Филипп, шавҳари Елизаветаи II, дар оилаи шоҳзодаи Юнону Дания Андрей ва малика Алиса ба дунё омадааст.
Барои издивоҷ бо Елизавета шоҳзодаро мебоист шаҳрванди Бритониё шуда, аз ворисии тахти Юнону Дания даст кашад ва ӯ ин корро кард.
Бар ивази чунин “қурбонии бузург” дар роҳи ишқ Филлипп бо унвони Барони Гринвич ва Герсоги Эдинбург сарфароз гашт.
Филипп бо шаҳбонуи дӯстдораш соли 1947 издивоҷ карда, то охири умр, яъне то замони фаро расидани марги шоҳзода (2021), ҳафтоду чор сол якҷоя зиндагӣ намуданд. Моҳи сентябри соли равон маликаи Бритониё Элизаветаи II низ дунёро падруд гуфт.