arzon replenishment
ШОҲҶОИЗАИ "ПАРАСТУ-2021" БА КОНИБОДОМ РАФТ
1928

25 – уми май дар толори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҷамъбасти Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту – 2021” шуда гузашт. Он аз 19 то 25 – уми май идома ёфта, 11 театри касбии ҷумҳурӣ дар озмуни мазкур ширкат варзиданд. Аз инҳо се театр ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва шоҳҷоизаро соҳиб гаштанд.

Ҳамчунин аз рӯи номинатсияҳои гуногун ба театрҳо ва ҳунармандон ҷоизаҳо супорида шуданд. Ин озмун дар остони таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пойтахти фарҳангии кишварҳои ИДМ эълон шудани шаҳри Душанбе ва 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов баргузор гардид.

Шоҳҷоизаи “Парасту – 2021” – ро намоишномаи “Садои Қу” – и коргардон Овляқули Хоҷақулӣ, Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом соҳиб шуд, ки нақшҳои асосии онро ҳунармандон Фарҳод Ғаффорпур, Ғайрат Қодиров ва Фаррух Ваитов иҷро карда буданд.

Ҷойи якумро намоишномаи коргардон Б. Миралибеков – “Нидои Умари Хайём” – и Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский ишғол намуд. Нақши асосиро дар ин намоишнома ҳунарманд Хуршед Мустафоев бозид.

Театри вилоятии мусиқӣ–мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов бо намоишномаи “Бежан ва Манижа” – и коргардон Б. Қурбонзода сазовори ҷойи дуюм гашт. Дар ин намоишнома нақши марказӣ– Бежанро ҳунарпеша Отахон Саидзода иҷро кард.

Дар озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту – 2021” Театри мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Хоруғ бо намоишномаи коргардон У. Хусравов “Лаъли Бадахшон” ҷойи сеюмро соҳиб шуд.

Дар озмуни мазкур инчунин ҷоизаи махсус барои тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ба ҳайати ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара барои намоишномаи “Даҳ рӯзи генерал Шерак”, ки бо коргардонии С. Додарбеков аз рӯйи пйесаи И. Усмонов рӯи саҳна омадааст, тақдим карда шуд. Намоиши ғайриозмунии “Ишқи парӣ” – и МДТ ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ҷоизаи “Беҳтарин дебют” – ро соҳиб гашт.

Ҷоизаҳои “Беҳтарин намоишномаи бачагона” – ро ба намоишномаи “Лаку Пак” – и Театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон, “Беҳтарин ороиши саҳна” – ро ба намоиши “Аршин мал алан” – и Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва “Беҳтарин ороиши мусиқӣ” – ро ба намоиши “Булбули Хуҷанд” – и Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи К. Хуҷандии ш. Хуҷанд сазовор донистанд.

Ҷоизаҳои “Беҳтарин нақши эпизодӣ” – ро ба ҳунарманд Абдураззоқова барои иҷрои нақши занона дар намоиши “Фариштаи наҷот” – и коргадон Т. Тоҷибоеви Театри давлатии ӯзбекии драмавӣ – мазҳакавии ба номи Шукур Бурҳонови н. Спитамен, “Беҳтарин нақши операвӣ”–ро ба сарояндаи беҳтарини опера Қурбонмурод Зокиров, “Беҳтарин нутқи саҳнавӣ” – ро ба Саидҷон Муродов ҳунарманди Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов (Аҳорун) бо намоиши “Макбет” – и коргардон Ф. Қосимов, “Беҳтарин нақши занона” – ро ба Мавлона Наҷмиддинова барои иҷрои нақши модар аз намоишномаи “Гунҷишкакон ҳам механданд” – и коргардон Қ. Мирзоев, “Беҳтарин нақши мардона” – ро ба Абдукарим Машрабов барои иҷрои нақши Ҳорунаррашид дар намоиши “Шикори шер” – и коргардон С. Усмонов лоиқ донистанд.

Дар озмуни “Парасту – 2021” ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” ба Султон Усмонов – саркоргардони Театри давлатии Академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва “Беҳтарин асари драматургӣ” ба драманависи машҳури тоҷик Ҷумъа Қуддус барои асари “Лаъли Бадахшон” насиб гашт.

Дар баробари ҷоизаҳо барои ҳамкориҳои судманд, саҳми назаррас дар тарғибу ташвиқ ва инъикоси ҷараёни баргузории Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2021” Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва телевизиони фарҳангӣ – фароғатии “Сафина” бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар рафти озмун суруду мусиқӣ ва рақсҳои дилкаш баҳри болидарӯҳии тамошобинон пешкаш гардиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД