Абдувалӣ Аҳмадалӣ, тоҷикбачаи муқими Дубай, дар нашри 413-уми бозии бурднок - лотереяи “Dubai Duty Free Millennium Millionaire” барандаи шоҳҷоиза ба маблағи 1 000 000 (як миллион) доллар шуд.
Қуръакашии ин нашри лотерея рӯзи 1 феврали соли 2023 дар терминали дуюми фурудгоҳи байналмилалии Дубай, бузургтарин фурудгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб доир шуд.
Хабари барандаи як миллион доллар ҷоизаи асосии лотереяи ин фурудгоҳ шудани Абдувалӣ Аҳмадалӣ дар сомонаи расмии фурудгоҳи байналмилалии Дубай нашр шуд.
Ин зодаи Тоҷикистон то ҳол аз худ дарак надодааст, вале ҳар вақти дилхоҳ метавонад ба маъмурияти лотерея дар фурудгоҳи Дубай муроҷиат кунад ва бурди худро бигирад.
Бино ба иттилои ин нашрия, Абдувалӣ билети бурдовардаи лотереяро, ки рақамаш 4226 буд, рӯзи 16 январи соли ҷорӣ тавассути Интернет харидааст.
Лотереяи фурудгоҳи Дубай, ки арзиши ҳар билеташ 1000 доллар аст, аз соли 1999 ба ин тараф гузаронда мешавад. Абдувалӣ Аҳмадалӣ нахустин тоҷик аст, ки дар лотерея як миллион доллар мебарад.
Тибқи иттилои дар саҳифаи фейсбукаш дарҷшуда ӯ зодаи шаҳри Хуҷанд буда, айни ҳол дар Дубай умр ба сар мебарад. Мавсуф хатмкардаи МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд буда, айни ҳол оиладор аст.