Дар нахустин Чемпионати кушоди Осиё байни шоҳмотбозони мушкилоти биноӣ дошта, ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, шоҳмотбози тоҷик Суҳроб Ҳамдамов пирӯз гашт. Дар ин бора аз Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар додаанд.
Мусобиқа дар чаҳор бахш: кушод, занон, писарон ва духтарон ва категорияҳои ҷудогона барои варзишгарони дорои нуқсонҳои босира, шунавоӣ ва ҷисмонӣ сурат гирифтааст.
Дар мусобиқа 79 нафар варзишгарон аз ҳафт кишвар - Ветнам, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат намуда, бо ҳам рақобат карданд.
Дар намуди кушод шоҳмотбози тоҷик Суҳроб Ҳамдамов 7 имтиёз ба даст оварда, бар рақибонаш Сироҷиддин Зайнидинов аз Ӯзбекистон ва Қуанишбек Ҷумадуллоев аз Қазоқистон пирӯз гашт ва қаҳрамони Осиё байни шоҳмотбозони нобино шуд.
Суҳроб Ҳамдамов собиқадори шоҳмоти тоҷик, устоди байналмилалӣ, қаҳрамони ҷаҳон ва барандаи Ҷоми ҷаҳон ва қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистон мебошад.