Formula novemver 2024
Шоҳмот макрӯҳ аст?
725


Яке аз руҳониён дар баромадҳои худ қайд намуд, ки бозии шоҳмот дар дини Ислом раво нест. Оё ин дуруст аст?

Б. Пирӯз, ш.Душанбе.

Посух

Шоҳмот ҳар вақте, ки инсонро аз воҷиботи ботинӣ ё зоҳирӣ машғул созад ба иттифоқи донишмандон ҳаром аст. Масалан, агар бозии он инсонро аз намоз ё воҷиботе, ки ба фоидаи шахс ва хонаводаи ӯ аст, машғул созад ва ё бозии он инсонро аз амри маъруфу наҳйи мункар, силаи раҳм, некӣ ба падару модар ва ё аз ҳар амале, ки кардани он воҷиб аст, мисли роҳбариву имоматӣ ва ғайра, машғул созад, ба иҷмоъи донишмандон бозии он ҳаром аст. Ҳамчунин агар ягон амали ҳаромеро дарбар гирад, монанди дурӯғ, қасами дурӯғин, хиёнат, зулм, кӯмак ба золим ва ё дигар амалҳои ҳаром, бо иҷмоъи мусулмонон бозии он ҳаром аст. Вале агар шоҳмот барои равнақи ақл бошад, мақсади нопок надошта бошад ва мақсади он варзиш бошаду муаррифӣ кардани кишвар дар ақсои олам он албатта ҳаром нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД