Arzon march 2024
ШОМИ ХУНИН: АҶАЛ ГУЛХУМОРРО ДАР МОШИНАШ КУШТ
4725

Роҳҳо одамонро гоҳ ба кӯйи мақсуд мебаранду гоҳи дигар ба олами нестӣ. Роҳи Душанбе-Кӯлоб барои Гулхумор Шукниева охирин роҳе гашт, ки ин зани 57-сола дар ҳаёташ паймудааст...

Гулхумор хеле зани чаққон буд. Дӯст намедошт пеши касе сар хам кунад. Дасту дили кушод дошт ин зани қавиирода ва натанҳо ниёзҳои худро мебаровард, балки ба дигарон низ ҳамеша дасти ёрӣ дароз менамуд.

Рӯзи 20-уми октябр низ ин зани мардонадил аспи оҳанинашро дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб маҳмез мезад. Шитоб дошт, то зудтар ба манзили мақсуд бирасад, бехабар аз он ки ин сафар барояш сафари охирин хоҳад гашт.
Шом фаро мерасид. Ақрабаки соат 18.20 дақиқаро нишон медод. “Тойота-Ландкруизер”-и бошукӯҳ, ки паси чамбараки он сокини ноҳияи Рӯдакӣ Гулхумор Шункиева нишаста буд, мисли бод дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб метохт, аммо мошин якбора мисли аспи ҷавмаст ба саркашӣ сар кард. Ронандазан ҳарчанд кӯшиш кард, натавонист ҷилави ин аспи оҳаниро бикашад, дар як мижа задан мошин чапагардон шуда ба канал саросер рафт.

Роҳгузарон ҷасади ин зани ормониро бо азобҳои алим аз дохили мошини ғарқшуда бароварданд. Ана ҳамин тавр “Тойота-Ландкруизер” барои собиҳаш тобути оҳанин гашт. Гулхумор Шукниева дар натиҷаи ин садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҷон ба ҷонофарин супурд, мусофири дар паҳлӯяш нишаста Тухтахон Исмоиловаи 63-соларо бошад, бо захмҳои зиёд ба бемористон бурданд.

Ҳамагӣ пас аз 10 дақиқаи марги мармузи Гулхумор Шукниева боз як садамаи дигари марговар дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ба вуқуъ пайваста, боиси ҳалокати марди 52-сола гашт. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла» Ҷумъаев Равшан Юлдошевич, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат намудан ба самти Бохтар сокини ин шаҳр Раҳимҷон Азизовро бо мошинаш пахш намуд. Дар натиҷа пиёдагард захмҳои зиёд бардошта, дар зери чархи Королла ҷон ба ҷонситон супурд.

Қурбонии садамаи сеюми нақлиётӣ савори велосипед меафт ва ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ҳамагӣ чанд лаҳза пас риштаи умраш якбора канда мешавад, аммо...

Эшматов Абдумурод Донабоевич, сокини ноҳияи Қубодиён, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опель-Астра” ҳангоми ҳаракат аз ҷониби ноҳияи Шаҳритуз ба самти Қубодиён аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада, Холдоров Хасан Ҳазратқуловичро пахш намуд. Дар натиҷа ин марди 60-сола, ки савори велосипед мерафт, дар як лаҳза ба хуни худ оғӯшта гашта, дар бемористон ба сахтӣ ҷон дод.

Ҳамин тавр дар бадали як шабонарӯз се инсоне, ки дар дил ҳазорон орзуву ҳавас доштанд, ба хоку хун оғӯшта гашта, аз беҳтарин неъмати ато намудаи худованд-ҳаёт маҳрум гаштанд. Се хона мотамсарой гашта, фиғони пайвандони қурбониёни ин садамаҳои нақлиётӣ синаи осмонро медарад, аммо ҳалокшудагонро наметавон бо гиряву нола дубора зинда кард...

Эҳтиёт бошед! Эҳтиёт бошед ронандагони азиз ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоред! Зиндагӣ ширин аст бо як лазҳаи шитоб онро сарнагин насозед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД