Formula novemver 2024
Шоми эҷодии Ҳошим Гадо дар театри Лоҳутӣ
15.05.2024
ОИЛА
291


Имрӯз, соати 17:30 дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ “Шоми эҷодӣ”-и Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Артисти халқии ИҶШС, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ-Ҳошим Гадо баргузор мегардад.

Ин маҳфили зебои ҳунарӣ ба 60-солагии фаъолияти эҷодии ин устоди сангъати тоҷик бахшида шуда, дилбохтагони театру кино метавонанд бори дигар аз тамошои ҳунари волои ин ҳунарманди беназир лаззат баранд.
Ёдрас мешавем, ки Ҳошим Гадо бо офаридани нақши Суҳроби гурд дар филми овозадори “Рустам ва Суҳроб”-и коргардони машҳур Барис Кимиёгаров, ки аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ба навор гирифта шудааст, натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур гашта буд ва ҳанӯз соли 1988 ба гирифтани унвони баланди Артисти Ҳалқии СССР мушарраф гаштааст. Ин ҳунарманди машҳури тоҷик дар зиёда аз 50 филми хориҷӣ нақш бозидааст.

Ҳошим Гадо 10-майи соли 1937 дар Кӯлоб ба дунё омада, соли 1960 студияи тоҷикии ГИТИС ва сол 1965 курсҳои олии коргардониро дар назди ин донишкадаи бонуфузи Русия хатм кардааст. Ӯ дар саҳнаи театр ва кино садҳо нақшҳои ҷаззоб офаридааст, ки ҳамчун ҳунарманд нотакрор буданашро собит месозанд.
Ҳошим Гадо дар баробари актёр ва режессёри беҳтарин буданаш
доцент ва профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД