Sebiston new 2024 october
Шоҳкориҳои Камол аз чӯб
952


Кандакорӣ яке аз ҳунарҳои машҳури дастӣ маҳсуб ёфта, завқи хеле баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва иродаи оҳанинро металабад, аз ҳамин сабаб на ҳар кас нозукиҳои ин ҳунарро аз худ карда метавонад. Хушбахтона дар шаҳри Истаравшан кандакорони номӣ хеле зиёданд.

Яке аз онҳо Камол Баротов мебошад, ки аз рӯйи ихтисоси "кандакорӣ ва коркарди ҳунари бадеии чӯб" дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба ҷавонон нозукиҳои ин ҳунарро меомӯзонад. Вай ин касбро аз ҳунарманди маъруф Мурод Маманазаров омӯхтааст.

Дар оилаи мо касе ҳунарманд набуд, вале ман ҳанӯз аз синфи 8-ум ба ин ҳунар дилбастагӣ пайдо карда, кам-кам бо чӯбкорӣ машғул будам. Баъдан ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дохил шудам ва дар ҳамон даргоҳи ҳунар нозукиҳои коркарди бадеии чӯбро омӯхтам. Тӯли 11 -сол аст, ки бо ҳамин ҳунар машғулам "-мегӯяд Камол Баротов.

Кандакорон дар баробари сутуну васса, дарвозаву минбар ва лавҳаҳои ҷудогонаро кандакорӣ кардан, аз чӯб армуғон низ месохтанду месозанд. Имрӯзҳо низ талабот ба армуғонҳои чӯбӣ хеле зиёд аст.

"Ҳунармандон пештар ба сохтани ҳайкал ва тасвири одамон машғул буданд. Пас аз истилои арабҳо дар Осиёи Миёна ин анъана аз байн рафт ва барои гулкорӣ аз гулҳои геометрӣ истифода мебурдагӣ шуданд"-қисса мекунад қаҳрамони мо.

Дар ҳақиқат баъди истилои араб, кандакории сюжетнок ва кандакориҳои баландмазмун аз байн рафта, ҳунармандон ба ҷойи он аз акси офтобу ситора, гулҳои рангин ва нақшҳои ҳандасӣ (геометрӣ), ки аксарияташон бо усули барҷаста иҷро мешуданд, истифода мебурдагӣ шуданд.

“Барои кандани рўи чўб шутургардон, тагбардор, барои пайконӣ (нақшаҳои хурди гирд) гурсумба барин асбобҳои кандакории тоҷикӣ истифода бурда мешавад”-мегӯяд Камол Баротов.

Ҳотамкорӣ як ҷузъи муҳими ҳунари кандакорӣ ба ҳисоб меравад ва қаҳрамони мо низ бо ин ҳунари нозук машғул аст. Барои сохтани панно сароғоз дар тахтаи ҳамвор расм кашида мешавад, сипас чӯби дарахтҳои рангдорро гирифта ба расм мувофиқ мекунанд.

Пас аз суфта кардан онро бо ширеш болои мусаввара мечаспонанд. Рангҳои дар панно истифода шуда ранги табии ҳар дарахт мебошад. Дар ҳунари ҳотамкорӣ бе истифодаи ранг асари ранга офарида мешавад. Хусусияти асосии панно хаҷм, шакл ва мазмуни он мебошад.

"Ин панное, ки мебинед, шакли тайёри ҳунари ҳотамкорӣ мебошад. Ҳотамкорӣ аз чӯбҳои гуногун омода мешавад. Дар ин панно аз чӯбҳои сафедор, санавбар, чормағз ва чинор истифода шудааст"-қисса мекунад қаҳрамони мо.

Камол аз чӯби одӣ ҳайкалча, кӯза, мизи шашгӯша, армуғон (сувинир) панно, лавҳаи парандаву асп ва чароғак (светильник) месозад. Бузургтарин асари офаридааш қасри Арбоб мебошад. Ин асар бо ҳамроҳии шогирдон сохта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД