goodwell
Шоире, ки Шарқро машҳури олам кардааст
109

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бузургтарин шоир, ориф, файласуф ва мутафаккири адабиёти тоҷику форс ба шумор меравад. Осори гаронбаҳояш дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хос дошта, андешаҳои инсонпарварона ва маънавии шоир то имрӯз диққати аҳли илму адаб ва дӯстдорони фарҳангро ба худ ҷалб мекунанд.

Бо дарназардошти хизматҳои таърихии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар рушди адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистону ҷаҳон ва ташаккули худшиносии миллӣ, тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2009, рӯзи таваллуди Мавлоно – 30-юми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҷлил карда мешавад. Дар фармон аҳаммияти бузурги мероси адабӣ ва маънавии Мавлоно барои тарбияи насли ҷавон низ таъкид шудааст.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 30-юми сентябри соли 1207 дар шаҳри Балхи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Номи ӯ Муҳаммад буда, бо номҳои Ҷалолуддин, Мавлавӣ ва Мавлоно машҳур гардидааст.

Мероси адабии Мавлоно аз ҷиҳати мазмун ва андеша ниҳоят ғанӣ мебошад. Осори ӯ масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, маънавӣ, ирфонӣ ва инсонпарвариро дар бар мегирад. Муҳимтарин асари ӯ «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки яке аз шоҳкориҳои адабиёти ирфонии форсизабон ба ҳисоб меравад. Мавлоно эҷоди ин асари бузургро соли 1259 оғоз карда, солҳои зиёд ба он машғул шудааст. Дар «Маснавӣ» масъалаҳои тасаввуф, муҳаббат, маърифати инсон, ахлоқ ва муносибати инсон бо Худованд мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар баробари «Маснавии маънавӣ», «Девони Кабир» ва «Фиҳӣ мо фиҳӣ» низ аз осори машҳури Мавлоно мебошанд.

Шеъру андешаҳои Мавлоно танҳо ба як миллат ё як сарзамин маҳдуд намешаванд. Паёми асосии ӯ муҳаббат ба инсон, таҳаммулпазирӣ, маърифат, дӯстӣ ва расидан ба камоли маънавӣ мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки осори Мавлоно дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон хонандагони зиёд пайдо кардаасту асарҳояш ба дигар забонҳои олам тарҷумаву нашр шудаанд.

Ҷалолиддини Балхӣ соли 1273 дар шаҳри Қунияи Рум дар 66-солагӣ аз олам гузаштааст. Мақбара ва осорхонаи ӯ дар шаҳри Қуния ҷойгир буда, имрӯз ба яке аз мавзеъҳои маъруфи фарҳангӣ ва зиёратии ин шаҳр табдил ёфтааст.

Ёди Мавлоно танҳо бо осори адабиаш маҳдуд намешавад. Ба хотири гиромидошти ин шахсияти бузург, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 номи ноҳияи Колхозобод ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иваз карда шуд. Ҳамзамон дар ин диёр осорхона ва пайкараи бузурги ӯ гузошта шуд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо андешаҳои амиқ, сухани пурҳикмат ва ҷаҳонбинии инсонпарваронаи худ марзҳои замону маконро убур кардааст. Осори ӯ на танҳо ганҷинаи адабиёти тоҷику форс, балки як қисми мероси маънавии башарият мебошад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД