arzon replenishment
ШОИРАРО ХАТАРИ ҶИДДӢ ТАҲДИД НАМЕКУНАД!
3434

Чанд рӯз қабл хабари ба бемории Covid-19 гирифтор гаштани шоира ва таронасарои тоҷик Шоираи Раҳимҷон тамоми истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро нигарон кард.

Бештари хонандагон аз “коронавирус” шудани Шоираи ширинкалом афсӯс хӯрда, аз Худованд барояш шифои комилу оҷил талаб мекарданд. Нафарони дигар барои аз саломатии бону Шоира огоҳ гаштан, ба идормаи сомонаи Оила зуд-зуд занг зада, хоҳиш мекарданд, ки атрофи чӣ гуна ба ин беморӣ гирифтор шудани шоираи забардаст барояшон маълумот диҳем. Мо барои тафсилоти бештар аз бемории Шоирабону пайдо кардан чанд маротиба ба худаш занг задем вале мутаасифона телефони хонум дастнорас буд.

Маҷбур шудем ба яке аз наздикони бону Шоира Каримҷони Исмоил, занг занем. Каримҷони Исмоил ба хабарнигори  “Оила” дар боби бемории Шоира чунин гуфт: "Ҳолашон аз пештара беҳтар аст. Дар хона табобат мегиранд. Хатари ҷиддие таҳдид намекунад. Чанд рӯз қабл ҳоли ӯ хуб буд ва дар шабакаҳои иҷтимоияш барои хушҳолии мардум таронахонӣ мекард. Ногаҳон вазъи саломатиаш бад шуда, ташхис нишон додааст, ки Шоира гирифтори “коронавирус” аст".

Шоираи Раҳимҷон 31-уми марти соли 1977 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики ДДМТ (ҳозира ДМТ) мебошад. Замони 10-сола буданаш шеър менавишт ва солиёни дароз дар Радиои Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир низ фаъолият кардааст. Аввалин намунаи ашъораш соли 2003 бо номи “Нахустин номаҳои дард” ба табъ расида, китоби дувуми вай соли 2013 бо номи “Вопасин номаҳои дард” дастраси дӯстдорони шеър гардидааст. Шоирабону соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардид, вале соли 2016 бо хоҳиши худ онро тарк кард. Феълан роҳбари маркази продюссерии “Шоира” аст. Ӯ бо зиёд хунармандони машҳури кишвар ҳамкорӣ дорад ва барояшон шеъру оҳанг эҷод мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД