Имрӯз, 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе шоир ва рӯзноманигори маҳбуб Абдуқодири Раҳим дар синни 64-солагӣ аз дунё даргузашт.
Хабари марги шоирро пайвандонаш расонида, гуфтаанд, ки марҳум чанд рӯзи охир дар беморхонаи “Советсктий”-и шаҳри Душанбе бистарӣ буд.
Абдуқодири Раҳим 17-уми январи соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст.
Хатмкардаи Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявии ноҳияи Ленин (1979) ва факултети филологияи тоҷики УДТ (1984).
Корманди телевизиони тоҷик (1984-85), омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (1985-87), хабарнигор, котиби масъули рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ (1987-90), муҳаррири калон, мудири шуъбаи маҷаллаи «Фарҳанг» (1990-93), мухбири рӯзномаи «Ҷумҳурият» (1993-99) буд. Аз соли 1999 мудири шуъбаи фарҳанги ҳамин нашрия буд.
Фаъолияти эҷодии Абдуқодири Раҳим охири солҳои 80-и садаи XX оғоз шуд. Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмуаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури «Дурӯғи шабнам» (1993), «Чароғи ошноӣ» (1997), «Ҷилваи як нола» (1998), «Нусхаи парешонӣ» (2000), «Рӯшноӣ» (2003), «Фиреби меҳр» (2003), «Хилвати Ойина» (2005), «Духтари афсонаҳо» (2006) гирд омадаанд. Мавзуи ашъори Абдуқодири Раҳим васфи Ватан инсондӯстӣ, зебоиҳои табиати кишвар, ишқу ҷавонӣ, андешаҳои фалсафӣ дар бораи маънии зиндагӣ ва ғайра мебошанд.
Абдуқодири Раҳим узви ИЖ Тоҷикистон ва ИНТ (1994), барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ (1995), Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, медали «Хидмати шоиста» (2010) буд.
Кормандони сомонаи Oila.tj аз даргузашти ҳамкасби худ Абдуқодири Раҳим сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонавода ва пайвандону наздикони эшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.