Ханитта Фасаенги 17-сола дар озмуни миллии Бонуи зеботарини Таиланд-2015 ғолиб омада, ба шаҳри азизаш баргашт, то дар назди модари як умр бо кофтану ҷамъоварии ахлот машғулаш сари таъзим фуруд орад.
Ханитта гуфтааст, ки боре барои ахлоткобии модараш аз касе шарм надоштааст.: «Ману модарам як умр бо меҳнати ҳалол умр ба сар мебарем, ман ҳеҷ гоҳ аз зиндагиамон ношукрӣ намекунам» мегӯяд зебосанами таиландӣ, ки як умр зиндагии фақирона ба сар бурда, баъди хатми мактаб имкони ба донишгоҳ дохил шуда, таҳсил карданро надоштааст. Баъди он ки Ханитта дар озмуни зебоӣ ғолибият ба даст овард, ӯро ба кинову телевизион даъват намуданд, вале модараш чун пештара бо ҷамъовариву коркарди ахлот машғул аст.