Ҷои пӯшида нест, ки аксари ҷавонон бо ҳам дӯсти наздиканд, вале ҳақорату дашномҳои қабеҳро истифода мебаранд ва гӯё шӯхӣ мекунанд.
Фаҳмидан мехостам, ки дини Ислом дар мавриди шахсоне, ки якдигарро ба тарзи шўхӣ ҳақоратҳои қабеҳ медиҳанд, чӣ мегўяд?
Қаҳрамон, н. Рӯдакӣ.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз, дашном додан чӣ бо тарзи шўхӣ ва ё ғайри шўхӣ дар шариат манъ ва сабаби гуноҳ аст.