Бояд 882 ҳазору 774 симкорти фаъол бояд то 15-уми феврал бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гирифта шаванд.
Ин нуқтаро дар нишасти хабарии имрӯзаи Хадамоти алоқаи кишвар Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти мазкур қайд кард.
Илова карда шуд, ки дар ҳудуди кишвар то ҳол 6 миллиону 213 ҳазору 28 симкорт аз азнавбақайдгирӣ гузашта, аз ин адад 5 миллиону 558 ҳазору 993 симкорт фаъол мебошанд.
Тавре хабар дода будем, ниҳодҳои мутасаддӣ огоҳ карда буданд, ки бояд симкортҳоро бо шиносномаҳои нав аз навбақайд гиранд ва то анҷоми ин мӯҳлат 16 рӯзи дигар мондааст. Аз соли 2020 то имрӯз муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо ду маротиба тамдид карда шуд.