Sebiston new 2024 october
Ширкатҳои Россия 20 ҳазор муҳоҷири тоҷикро ба кор қабул мекунанд, агар...
875

Ширкатҳои калони Россия барои ба кор қабул кардани зиёда аз 20 ҳазор муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дархост пешниҳод кардаанд. Дар ин бора Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ маълумот дод.

Тавре вазир гуфт, ширкатҳои русӣ ба ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ҳавасманд ҳастанд. Новобаста ба ҳодисаҳои ахир, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз 46 ширкати калони Россия барои ҷалби қувваи корӣ дархост гирифтааст. Ширкатҳои русӣ омодаанд, ки зиёда аз 20 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо кор таъмин намоянд. Бартарии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор ба Федератсияи Россия дар он аст, ки ширкатҳои корфармо омодаанд ҳуҷҷатгузорӣ ва пардохти маблағи чиптаи ҳавопайморо бар дӯши худ бигиранд. Бархе аз ширкатҳо муҳоҷирони меҳнатиро бо хӯроки гарм ва ҷойи хоби ройгон таъмин менамоянд.

Шахсоне, ки мехоҳанд ба таври мутташакилона ба ин ё он минтақаи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, барои пайдо кардани кори муносиб метавонанд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ё Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Бояд гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 тариқи 26 агентиҳои гуногуни бокортаъминкунӣ, ки барои ҷалби қувваи корӣ ба кишварҳои хориҷӣ иҷозатномаи расмӣ - литсензия доранд, зиёда аз 5,1 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 17 кишвар, аз ҷумла Россия, Беларус, Британияи Кабир, Олмон, Қазоқистон, Канада, Латвия, Литва, Полша, Арабистони Саудӣ, Амрико ва Туркия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Ёдрас мешавем, ки пас аз ҳодисаи нохуши дар Крокус-Сити-Холл рӯйдода муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия 16% коҳиш ёфтааст. Дар шаш моҳи соли равон дар маҷмуъ 393 ҳазор зодагони Тоҷикистон барои кор ба Русия рафтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД