Ширкатҳои қаллобе, ки як хонаро ба чанд кас мефурӯшанд, таҳти назорат гирифта мешаванд
60

Ҳукумати шаҳри Душанбе рафти сохтмони биноҳои баландошёнаро дар пойтахт зери назорат гирифта, ба муқобили ширкатҳои қаллобе, ки як хонаро ба чанд харидор мефурӯшанд, мубориза мебарад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии шаҳрдорӣ иттилоъ дода шуд.

Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе ба чанд нафар фурӯхтани як хонаро аз ҷониби бархе аз ширкатҳои сохтмонӣ тасдиқ намуда, гуфт: “Дар ҳақиқат чунин ҳолат дида мешавад ва нанговар аст, ки баъзе соҳибкорон дидаю дониста як хонаро ба 3-4 кас ба фурӯш мегузоранд. Онҳоро соҳибкор ҳам гуфта наметавонем, онҳо қаллоб ва ҷинояткор ҳастанд”.

Шарифӣ иброз дошт, ки масъалаи мазкур таҳти назорати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад ва бо мақсади пешгирии қаллобӣ дар ҳамаи биноҳои баландошёнаи пойтахт QR-рамзҳо насб мешаванд, то пеш аз харидани хона сокинон дар мавриди ширкатҳои бинокор маълумот гирифта тавонанд.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон низ зимни нишасти матбуотӣ тасдиқ карда буд, ки баъзе ширкатҳои сохтмонӣ шаҳрвандонро фиреб медиҳанд ва ба сокинон тавсия дод, ки барои пеш наомадани ягон мушкилӣ ҳангоми харидани хона дар “нотариус” шартнома банданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД