Sebiston new 2024 october
Ширкатҳое, ки муҳоҷиронро фиреб медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?
644

Салом! Зиёд аз як моҳ мешавад, ки банда ба як мушкилӣ дучор шудаам ва дар ҳалли он аз кормандони сомонаи Оила. ТЧ мадад пурсиданиям.

Аз касе пӯшида нест, ки имрӯзҳо аксари мардуми мо ба хотири беҳтар кардани шароити зисту зиндагиашон роҳҳои ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро ҷустуҷӯ мекунанд.

Ман ҳам бо тавсияи ҷиянам ба як ташкилоти бо кортаъминкунанда дар Аврупо тариқи интернет сӯҳбат карда, 12 ҳазор сомонӣ пешпардохт кардем, вале пас аз як ҳафта ҷавоб омад, ки маблағи шумо барои визае, ки пешниҳод кардед, кофӣ нест.

Пас аз ин моро ба рӯйхати сиёҳ гузоштанд ва дигар ба зангҳоямон ҷавоб надоданд. Акнун намедонем ба куҷо муроҷиат кунем ва маблағамонро чӣ тавр баргардонем. Маслиҳати шуморо интизорам.

Н. М, н. Рӯдакӣ.

Посух

Бародари азиз! Дар ҳақиқат солҳои охир шумораи одамони маккор ва ба ном ташкилотҳое, ки гӯё бо интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғуланд, аммо дар асл корашон танҳо фиребгарист, зиёд шудааст. Бо ваъдаи кори сердаромад дар хориҷи кишвар корҷӯёнро фирефта намуда, аз онҳо пули калон мегиранд ва ваъда медиҳанд, ки барои ба даст овардани раводид, яъне виза ва тахт намудани ҳуҷҷатҳо ёрӣ медиҳанд, аммо баъди гирифтани маблағ ягон баҳона ёфта, бе ному нишон ғайб мезананд.

Барои ба доми фиреби чунин қаллобон наафтодан, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ба Хадамоти муҳоҷират, ба Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷа ва дигар ташкилотҳои давлатие, ки бо масъалаи ташкил намудани муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамолики хориҷии дуру наздик машғуланд, муроҷиат намоянд.

Шумо метавонед бо ёрии ин ташкилотҳо ба осонӣ дар дилхоҳ кишвари хориҷӣ барои худ кори муносиб пайдо намоед. Бартарии дигари муҳоҷират тариқи ин ташкилотҳо дар он аст, ки муҳоҷирати меҳнатии шумо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ сурат гирифта, давлат риоя шудани ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатиро зери назорат мегирад.

Дар сурати пеш омадани ягон мушкил бо корфармо шумо метавонед бо роҳи қонунӣ ҳаққи худро ситонед ва ҳуқуқҳояитонро дифоъ намоед. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ 121 воқеъ гаштааст. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақамҳои зерин занг занед: 225 05 75 ва 225- 07-17 занг задан мумкин аст.

Дар мавриди суоли шумо дар боби чи тавр рӯёнидани пулатон бошад, ҳаминро гуфтанием, ки вобаста ба ҳолати мазкур метавонед бо ариза ба мақомоти милитсияи маҳалли зистатон муроҷиат намоед. Ногуфта намонад, ки дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчунин Маркази муқовимат бо савдои одамон амал менамояд.

Шумо метавонед ба рақамҳои 227-07-07 ё 980-10-55-55 занг занед ё бевосита ба ин марказ муроҷиат намуда, аз болои ташкилоте, ки шуморо фиреб кардааст, аризаи шикоятӣ нависед ва дар ҳалли мушкили ба саратон омада кӯмак пурсед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД