Маҳсулоти лозима:
200 грамм твороги мулоим, 100 грамм йогурт, 1 қошуқ асал, 2 дона банан, пачинаи майдашуда барои ороиш.
Тарзи таҳия:
Бананро пӯст канда, пора кунед ва бо творогу йогурт ба блендер андозед. Ҳамаи маҳсулотро то ҳосил шудани маҳлули якхела лат занед. Сипас асалро илова намуда, чанд дақиқаи дигар омехта кунед, то ки креми ғафсу ҳавогин ҳосил гардад. Ширинии тайёрро ба косачаҳо гирифта, бо пораҳои банан ва пачинаи майдашуда оро диҳед.