Arzon march 2024
Ширин Амонзода: “Дар панҷ сол 1 миллион нафарро соҳибкасб мекунем!”
895

 

Бо мақсади ҷалб намудани нафароне, ки ҳунар надоранд, барномаи касбомӯзии шаҳрвандони ҶТ барои панҷ соли оянда қабул карда шуд, ки барои 1 миллион нафар пешбинӣ шудааст.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар нишсати имрӯзааш ба хабарнигорон ироа кард. Ҳамчунин номбурда зикр кард, ки ба 1901 занону бонувон, ки ба соҳибкорӣ муроҷиат намуда буданд, ба маблағи 5 миллион 914000 сомони қарзҳои оим имтиёзнок дода шудааст.

Дар соли 2021 курсҳои кутоҳ муддатро дар заминаи марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир беш аз рӯи 48 номгӯи ҳунар 10 000 нафар хатм карданд, ки 1380 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад, гуфт, Ширин Амонзода.

Дар соли сипаришуда 373 773 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки аз он 9089 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтаанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ қайд кард, ки дар соли 2021 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1525,4 сомониро ташкил, намуд, ки нисбат ба соли 2020-148,3 сомонӣ ё 10, 8 фоиз зиёд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД