arzon replenishment
Ширин Амонзода бо кӯмаки UNFPA ва сафири Русия Маркази демографӣ кушод
1074

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад, санаи 12-октябр дар Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ маросими ифтитоҳи Маркази таълимӣ-илмии демографӣ баргузор гашт.

Ширин-1


Қобили тазаккур аст, ки маркази мазкур бо дастгирии Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPA) таъсис ёфта, бо техникаю таҷҳизотҳои навтарини компютерӣ ба пуррагӣ таъмин гаштааст.
Дар маросими ифтитоҳи Маркази таълимӣ-илмии демографӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Семенович Лякин-Фролов, роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова, кормандони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ин маркази навтаъсис ба маблағи 465 ҳазору 387 сомонӣ бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз гардонида шуда, дорои 20 адад планшет, 14 ноутбук, 7 компютери замонавӣ, 5 принтер, тахтаи интерактивӣ, проектор ва системаи видеоконфронс мебошад.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои кӯмак ва дастгириашон дар таъсиси ин маркази замонавии илмӣ ба Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, ҷаноби Игор Семенович Лякин-Фролов ва роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова изҳори сипос намуда, зикр кард, ки сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон натанҳо дар амалӣ гаштани ин лоиҳа саҳми арзанда дорад, балки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия низ ҳамеша дасти мадад дароз менамояд.

 

Ширин 2

Вазир аз ходимони Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хоҳиш ва тақозо намуд, ки минбаъд бо истифода аз технологияҳои нави замонавӣ ва таҷҳизотҳои мусир дар раванди таҳқиқи масоили демографӣ саҳми босазои хешро гузоранд.
“Дар замони муосир бидуни омори дақиқ зиндагӣ кардан бисёр душвор аст. Суръати афзоиши аҳолӣ чӣ гуна аст, барои таъмини ниёзҳои аҳли ҷомеа чӣ қадар мактаб, чи қадар кӯдакистон, чӣ қадар беморхонаву дармонгоҳ лозим мешавад, барои ҳамаи инро аниқ кардан ва беҳдошти шароити зиндагии мардум мо ба омори дақиқ ниёз дорем”-таъкид кард зимни баромади худ Ширин Амонзода.
Ёдрас мешавем, ки тибқи натиҷаҳои пешакии ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон шумораи аҳолии ҷумҳурӣ аллакай ба 9 миллиону 661, 6 ҳазор расидааст, ки аз ин шумора 4 миллиону 901 ҳазорашро мардон ва 4 миллиону 760, 6 ҳазори дигарро занон ташкил менамоянд. Шумораи аҳолӣ 27, 7 % зиёд шудааст.
Табиист, ки дар шароити афзоиши босуръати аҳолӣ барои беҳдошти сатҳу сифати хизматрасониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа омори дақиқ мисли обу ҳаво зарур аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД