Аз рӯи муроҷиат ва дархости муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ворид гашта буд.
Бо роҳи қонунӣ маблағҳои бо сабабҳои гуногун пардохт нашудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳаҷми 5 миллиону 869 ҳазору 700 рубли русӣ аз корфармоёни рус рӯёнида шуд.
Дар ин бора Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни нишасти хабарӣ маълумот дод.
Дар баробари ин зиёда аз 1430 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷои кори доимӣ дар Федератсияи Русия таъмин карда шуданд, гуфт Ширин Амонзода ба намояндагони ВАО.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба вазорати меҳнат зиёда аз 22 ҳазор нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ин курсҳо соҳиби шаҳодатномае мегарданд, ки бо он дар Русия , Қазоқистон ва дигар кишварҳо ба осонӣ ҷои кор ёфтан мумкин аст.
Ширин Амонзода қайд кард, ки тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ барои сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Бритониёи Кабир то имрӯз 126 нафар раводид гирифта, ба ин кишвар сафар намудаанд ва боз 200 нафари дигар интизори ба даст овардани раводид ҳастанд. Ин муҳоҷирон ба корҳои мавсимӣ дар гармхонаҳо ҷалб карда мешаванд.