Commerc banl
Шири модар иммунитети кӯдакро мустаҳкам месозад
27.03.2026
Oila.tj
61

Аксари модарон, махсусан ҷавонзанҳои ҳанӯз бетаҷрибае, ки фарзанди нахустинашонро ба дунё овардаанд, бо баҳонаи кам будани ширашон аз рӯзҳои аввали ҳаёташ ба тифлаки худ шири сунъӣ медиҳанд, ки ин хатои маҳз мебошад.

Қимматтарин шири сунъӣ низ ҳаргиз ҷойи шири модарро гирифта наметавонад, аз ин лиҳоз кӯдакро набояд аз ин неъмати худодод маҳрум намуд, чунки дар таркиби шири модар моддаҳои муфиде мавҷуданд, ки барои солим ба воя расидани тифл кӯмак мекунанд.

Имрӯз мо ба шумо - модарони азиз дар бораи роҳҳои осонӣ зиёд гардонидани шир дар пистони зан маълумот медиҳем.

Кӯдакро бештар макконед

Ҳосил шудани шир дар пистони зан як механизми табиӣ мебошад. Офаридгор ба зан чунин қудрат додааст, ки бо роҳи табиӣ шиками фарзандашро сер карда, ӯро то ду-дуюмнимсолагӣ бо шир таъмин созад. Ягон зан дар дунё аз ин неъмати табиӣ бебаҳра намемонад, фақат барои ба миқдори кофӣ ҳосил шудани шир дар пистони худ модар бояд фарзандашро тез-тез макконад. Ҳар қадар тифлатонро бештар макконед, ҳамон андоза тезтар дар синаи шумо боз шир ҳосил мешавад.

Фарзанди худро аз фаллашир маҳрум насозед!

Синамакониро аз лаҳзаҳои нахустини ҳаёти тифлакон сар кардан лозим аст. Маъмулан дар рӯзҳои аввали баъди таваллуд шир дар пистони зан камтар аст, вале аз ин ба ташвиш афтидан лозим нест. Ҳар қадаре, ки метавонед тифли навоздатонро дар рӯзҳои нахустини ҳаёташ бештар макконед, чунки фалашири модар ба кӯдак фоидаи зиёд дошта, ба пайдошавии иммунитет ва кори бонизми рӯдачаҳои тифл ёрӣ мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД