Маҳсулот:
Шаш коса об,
Чойи қоқи сиёҳ-ду қошуқ,
Мағзи чормағз -як коса.
Шири хом-2-коса
Завғани зард
Намак, мувофиқи табъ
Тарзи таҳия:
Аввал обро бо чойи қоқ хуб меҷӯшонему баъд ба он чормағз ва 2 коса шир илова менамоем. Ширчойро 15 дақиқа ҷӯшонда, каме намак мепошем. Ширчой, ки пухт, ба косаҳо кашида равғани зард меандозем. Иштиҳои том!