arzon replenishment
Шир ва сирпиёз давои бемориҳои вирусӣ
04.06.2023
ОИЛА
776

Ман вақтҳои охир тез-тез грип мешавам. Мегӯянд, ки гпип ҳам як навъи вирус аст. Мехостам донам, ки барои бақувват шудани организм инсон бояд чиҳо хӯрад, то ки шамол кашида ба зӯком, яъне грип гирифтор нашавад?

Мавлуда аз н. Сино

 

Хоҳари азиз, ғизоҳое вуҷуд доранд, ки дар сурати мунтазам истеъмол карданашон организми инсон пурқувват шуда, ба бемориҳои вирусӣ ва микробҳо муқовимат карда метавонад.

1. Шир ва маҳсулоти ширӣ

Шири гов ва маҳсулоти ширӣ манбаи бактерияҳои фоидаовар ба шумор мераванд, вале дар давоми даҳсолаи охир бо сабаби он ки лактоза ва козеини таркиби шир сабабгори пайдоиши аллергия дар ҷисми инсон мегарданд, мутахассисони соҳа онро аксаран мавриди танқид қарор медиҳанд. Дар баробари ин, шир сарчашмаи нутриентҳо, ферментҳои ҳазмшаванда, чарбҳои муфид ва протеинҳое мебошад, ки барои беҳдошти масунияти бадан нақши созгор мебозанд. Йогурти табиӣ ва дигар маҳсулоти ширӣ кори тамоми узвҳои ҳозимаро ба эътидол меоранд.

2. Карами шӯр ва дигар маҳсулоти ҳазмшаванда

Карами дар намак хобонидашуда мисоли дигар ғизои ҳазмшаванда, аз қабили бодиринги очонидашуда, помидор, себ, тарбуз ва ғайра, хӯрданиҳои болазат ва хеле фоидабахш ҳастанд. Ҳар нафаре, ки масунияти худро мустаҳкам кардан мехоҳад, бояд бештар хӯроки дорои бактерияҳои “фоиданок” бударо, ки ба масунияти кори рӯдаҳо таъсири судманд мерасонад, истеъмол намояд.

3. Ҷигар ва дигар узвҳои дарунаи ҳайвонот

Истеъмол кардани ҷигар, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунаи ҳайвонот шояд барои баъзеҳо қобили қабул набошад, вале бояд қайд намуд, ки узвҳои номбаршудаи ҷонварон дорои миқдори зиёди нутриентҳои зерин ҳастанд, ки масуниятро баланд мебардоранд:

  • токоферолҳо;
  • синк;
  • ҷамъи ҷавҳарҳои линолеикӣ (CLA);
  • омега-3 ҷавҳарҳои равғании серғизо;
  • бета-каротинҳо ва ғ.

Агар ба шумо тамъи чунин хӯрданиҳо писанд набошад, метавонед бо истифода аз усулҳои нави хӯрокпазӣ аз он хӯрок омода созед. Масалан, ҷигарро дар шир ё шарбати лиму шабона тар карда, бӯйи нофорами онро баратараф карда, баъдан пораҳои буридашудаи ҷигар ё дилро дар тухми латзада ҷулонида, дар равғани зайтун бо иловаи пиёзи сурху қаланфури булғорӣ дар оташи паст пухтан мумкин аст. Хӯроки мазкур ғизои беҳтарин барои пешгирӣ намудани зуком ба шумор меравад.

4. Равғани кокос

Равғани кокос аз ҷавҳари лаурин ғанӣ буда, дар ҷисми инсон ба монолаурин мубаддал мегардад. Пайвастаи мазкур дар таркиби шири занҳо вуҷуд дошта, барои комил сохтани масунияти бадани навзодон нақши созгор мебозад. Ҷавҳари лаурин ҳамзамон масунияти бадани калонсолонро низ баланд мебардорад.

5. Замбурӯғҳо

Замбурӯғҳо қобилияти муҳофизатии ҷисмро баланд мебардоранд, зеро аз моддаҳои зерин ғанӣ ҳастанд:

  • • протеинҳо;
    • клетчатка;
    • калсий;
    • ҷавҳари аскорбин;
    • витамини гурӯҳи В;
    • пайвастаҳои фаъоли биологӣ.

6. Сирпиёз

Сирпиёз барои саломатии инсон хеле муфид аст, зеро ҷисмро аз микрофлораи патогенӣ муҳофизат мекунад. Барои мустаҳкам сохтани масуният ҳамарӯза истеъмол намудани сирпиёз тавсия дода мешавад. Вирусҳо, бактерияҳо, замбурӯғҳои хамиртурушие, ки ба антибиотикҳои сунъӣ мутобиқ мешаванд, зидди таъсироти ин давои пурқуввати таббиӣ истодагарӣ карда наметавонад. Барои таъмин намудани кори муътадили масунияти бадан сирпиёзи тару тозаро истеъмол кардан лозим аст.

Илова бар ин, аллитсини таркиби сирпиёз қодир аст:

  • • хусусияти антикансерогеннӣ дорад;
    • сатҳи холестерини умумӣ ва холестерини зарарнокро дар хун паст месозад;
    • фишори баланди хунро паст мекунад;
    • хатари лахташавии хунро кам месозад;
    • бемории инсултро пешгирӣ менамояд;
    • аз заҳри ҳашарот муҳофизат мекунад.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД