Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии шаҳрвандони аз заминларза осебдидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ва сардори шуъбаи Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии вазорат Шамсулло Абдулҳақов ба минтақаи Рашт рафтаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, аснои боздид аз ноҳияҳои мазкур Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти табобати як қатор беморон шинос гардида, инчунин баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба осебдидагон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Ҳамзамон, дар маконҳои офати табиӣ намояндагони вазорат бо шаҳрвандон низ суҳбати озод анҷом дода, ба онҳо дар самти риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ маслиҳат ва тавсияҳо пешниҳод кардаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки 13-уми апрели соли 2025 соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил додааст.