Sebiston new 2024 october
Шикояти як зани тоҷик аз шавҳари майзада
17.05.2024
ОИЛА.ТҶ
1304

Салом ба кулли хонандагони сомонаи Oila.tj! Ман як зан - модари тоҷик, мехоҳам қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Аз шавҳари якумам бо як фарзанд ҷудо шудам. Падар надоштам, бародар надоштам, ки дар зиндагӣ дастамро гиранд. Хона надоштем, ҳамроҳи модарам дар квартира зиндагӣ мекардем. Бо мурури замон дар ҳаётам марде пайдо шуда, як соли дароз аз пасам давид. Сад бор гуфтам, ки ман саросема нестам, то ягон марди хубу боимон пайдо нашавад, хонадор намешавам, вале “ман барои шумо хона мегирам ва чизе, ки хоҳӣ, мекунаму туро хушбахти олам месозам” гӯён, домони маро ҳеҷ раҳо накард. Медонистам, ки май менӯшад, вале қасам болои қасам мехӯрд, ки агар ба никоҳаш дароям, арақхӯриро бас мекунад. Мани сода бо андешаи он ки шояд ин мардро аз роҳи бад баргардонида, савоб мегирам, розӣ шудам, ки зани дуюмаш шавам.

Ҳамин тавр, мо никоҳ кардем ва ду моҳ пас вай маро ба хонааш бурд. Дар ин ду моҳ нӯшиданро бас карда буд, вале баъд боз арақхӯриро сар кард. Дар вақти мастӣ маро дашномҳои қабеҳ дода, аз хонааш пеш мекард, вале баъди ҳушёр шудан боз бахшиш мепурсид. Дар ин миён бемор шуда, ба назди духтури гинеколог рафтам. Пас аз ташхис духтур гуфт, ки шумо вирус доред, аз шавҳаратон гузаштааст. Гиря карда ба хона омадам ва гуфтам, ки аз шумо ба ман вирус гузаштааст. Ҷанг кард, ки ман вирус надорам, ту худат касалӣ ва ҳақоратҳои бад карда, баромада рафт.

Рӯзи дигар назди духтур рафта, ҳамаашро нақл кардам. Дилаш сӯхта, гуфт, ки ман ҳамчун духтар ҳамроҳи шавҳарат гап мезанам, агар нафаҳмад, худатро табобат карда, дигар бо ин мард зиндагӣ накун.

Хуллас, табобат гирифта, сиҳат шудам, вале шавҳарам ҳеҷ аз роҳи бад нагашт. Ҳар рӯз менӯшад ва бо ман ҷанг карда, намемонад, ки ҳомила шавам. Дар мастӣ мегӯяд, ки ман кайҳо ҷавоби туро додагӣ, вале баъди ҳушёр шудан гапи гуфтаашро ба гардан намегирад. Аз даҳонаш фақат дашному ҳақоратҳои қабеҳ меборад. На мемонад, ки осуда зиндагӣ кунам ва на ҷавобамро медиҳад. Мегӯяд, ки агар мурдаат аз ман халос нашавад, зиндаат ҳаргиз халос намешавад.

Илтимос, маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам?

С. Т.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД