goodwell
Шикояти таксист аз зани пулпарасташ
06.06.2026
Oila.tj
136

Салом! Ман ронандаи таксӣ ҳастам ва мехоҳам дарди диламро гуфта, маслиҳат бипурсам.

Аксарият гумон мекунанд, ки мо - таксистҳо чунон даромади зиёде дорем, ки ҷойи пулмонӣ намеёбем, вале дар асл ин тавр нест. Аксари таксиҳое, ки дар шаҳр мебинед, моли худи ронандагон набуда, ба каси дигар тааллуқ доранд, вале ба хотири як пора нон ёфтан, мо мошини мардумро ба қавле “аренда” мегирем. Шахсан ман ҳар рӯз ба соҳиби мошин 150 сомонӣ медиҳам, илова бар ин, бояд ба автобаза ҳар рӯз 100 сомонӣ супорам, заправка кунам, ҳамаи ин хароҷотҳоро ҳисоб кунем, маблағи ночизе дар кисаам боқӣ мемонад, ки базӯр ба хурду хӯрок мерасад, вале занам маро фаҳмидан намехоҳад. Вай пояшро ба пойи дугонаҳояш ва занҳои ҳамсоя, ки бо ким-кадом роҳҳои ҳарому ҳалол шавҳаронашон пули бе дарди миён меёбанд, дароз карда, бо харидҳои бемаъниаш ҷонамро ба лабам расонидааст.

Ҳафтаи гузашта ба бозори “Корвон” рафтем, то ки барои кӯдакон либоси тобистона харем, вале занам як матоъи қимати нархаш 1000 сомониро дида, ду пояшро ба як мӯза андохт, ки ҳаминро харида деҳ. Гуфтам, занак, ман ин қадар пул надорам, агар ту ин матоъи қиматро бихарӣ, пули соҳиби мошинро дода наметавонам ва мошинашро кашида мегирад, вале ба гапам гӯш надода, дар байни бозор доду фиғон бардошт, ки ту чӣ хел мардӣ, ки як куртаро аз занат дареғ медорӣ!? Қаҳрам омаду чӣ тавр ба рӯяш як шаппотӣ заданамро худам ҳам нафаҳмида мондам. Гиря кард ва “пулат аз сарат монад” гуфта, қаҳр карда аз бозор баромад. Аз пушташ давида баромадам, аммо занам ба мошини ман шинастан нахоста, ба як маршрутка савор шуда ба хонаи модараш рафт.

Мо соҳиби ду фарзанд ҳастем ва ба хотири бачаҳоям шуда, чанд бор ба сараш рафтам, лекин “ту як куртаро аз ман дареғ доштӣ” гӯён, ба хона баргаштан намехоҳад. Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам. Намедонам чаро занҳои тоҷики мо ин қадар ба матоъҳои синтетикии пур аз муҳра, ки ба саломатӣ зарар доранд, дил бастаанд, ки пули калон дода, ин латтаҳоро мехаранд, вале ба тамоми бонувон гуфтанӣ ҳастам, ки хоҳарони азиз, ба шавҳаронатон каме раҳм кунед, охир мо - мардҳо пулро аз роҳ намеёбем!  

АМРИДДИН, таксист

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД