Ҳарчанд фасли тобистон асту дар ягон гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон расман “лимит”-и барқро эълон накардаанд, вале аллакай дар баъзе аз деҳаҳои шаҳри Панҷакент норасоии барқ тӯли 10 рӯзи охир ба назар мерасад.
Чанд сокини ин шаҳо бо ирсоли аксу наворҳо ба суроғаи мо гуфтанд, дар чандин деҳаҳо дар давоми рӯз 2-3 маротиба барқро соатҳо хомӯш мекунанд.
“Набудани барқ, алалхусус, шомгоҳӣ ҳангоми хӯрокпазиву хӯрокхӯрӣ сокинони деҳаҳоро ба ташвиш овардааст. Маҷбурем ба мисли даҳсолаҳо қабл аз шамъ истифода барем”, - гуфт яке аз онҳо.
Ба баёни хонандаи мо, рӯзи гузашта дар деҳаи Дашти Қозии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент, тахминан аз соати 13:30 то 20:00, барқ умуман набуд.
Сокинони чанд деҳаи шаҳри Панҷакент гуфтанд, агар дар ин фасли гармӣ ин гуна лимити ғайрирасмӣ бошад дар ташвишанд, ки оё дар фасли сармои дарпешистода ба онҳо барқ медода бошанд ё не?
Ба таъкиди онҳо, сокинони деҳаҳо чандин маротиба ба Шабакаи барқи шаҳри Панҷакент, ки қароргоҳаш дар Истаравшан аст, занг задаанд, аммо касе ба онҳо посух надодааст