Шикояти шавҳар аз зани бадрашк
Аслан бечоранолӣ кори мардон нест, вале рафтори бади занам маро маҷбур кард, ки қиссаи зиндагиамро нақл карда аз хонандагони азизи сомона маслиҳат бипурсам.
Ману ҳамсарам дар ҷавонӣ ҳамдигарро дӯст дошта, бо ишқу муҳаббат хонадор шуда будем, вале акнун ба он рӯзе, ки бо ӯ вохӯрдам, сад бор лаънат мехонам, чунки ин зан умри маро хазону рӯзамро сиёҳ кард. Қариб 7 сол аст, ки оиладорем, вале то имрӯз ягон гапи хушро аз даҳони ӯ нашунидаам. Рӯзи дароз кор карда, хаставу лакот ба хона бармегардам, вале занам ба ҷойи он ки ҳолу аҳволамро пурсад ва дар наздам як коса хӯрок оварда монад, аз дар даромадан баробар якбора ба ҳамла гузашта дод мезанад: “Рӯз то бегоҳ бо кадом бева будӣ? Чанд кас қатӣ кайфу сафо кардӣ...”
Аз дасти зани морзабонам дигар поям намекашад ба хонаам равам, ба зери замин раваму дигар рӯйяшро набинам мегӯям.
Натанҳо аҳли оила ва падару модарам, балки ҳаққу ҳамсояҳо низ аз ҷангу ҷанҷоли зани бадрашк ва каждумзабони ман безор шудаанд, бисёриҳо маслиҳат медиҳанд, ки талоқи занамро дода, зани дигар гирам, вале мо 3 фарзанд дорем. Занамро талоқ диҳам, аниқ ин зани шаттоҳ дигар намегузорад, ки ҳатто рӯйи кӯдаконамро бубинам. Илтимос, маслиҳат диҳед, чи кор кунам?