Салом ба кормандон ва хонандагони сершумори сомонаи Оила. ТЧ!
Ман, як зани босавод ва коргар имрӯз ба маслиҳат ва роҳнамоии шумо ниёз дорам.
Ману шавҳарам замони донишҷӯӣ ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шудем. Азбаски ман духтари шаҳрию домодшаванда бачаи деҳотӣ буд, волидонам дар оғоз розигӣ надоданд, вале мани ошиқи шайдо ду поямро ба як мӯза андохта, оқибат онҳоро розӣ кардам ва ба васли дӯстдоштаам расидам, аммо...
Аз рӯзе, ки қадам ба хонаи шавҳар ниҳодам, хушдоману хоҳаршӯям ҳамеша ба ҳама кору бори ман эрод мегиранд. Тарзи либоспӯшӣ ва ба худам аҳамият доданам ба онҳо намефорад. Як ҳафта пеш аз рӯйи хушдоману хоҳарони шавҳарам бо падари фарзандонам ҷанг шуда, қаҳр карда ба хонаи падару модарам ба шаҳр омадам. Ҳамон рӯзи наҳс мардакам бо табъи болида аз кор баргашта буд, вале намедонам хоҳару модараш ба ӯ чиҳо гуфтанд, ки якбора оташ гирифта, маро бе ягон сабаб зери мушту лагад гирифт. Мардак, охир брои чи маро мезанед, гӯям девонавор дод зад, ки ман аз рўйи ту доим дар назди фарзандони падарам забонкўтоҳам!
Аламам омад ва “Ман чи кори бад кардаам, ки забонкӯтоҳ мешудаед”гуфта, гиря кардам. Шавҳарам бештар асабонӣ шуда, маро боз чанд лагад зад ва таҳдид кард, ки дигар поямро аз дар берун намемонам.
Азбаски ман зани коргар ҳастам ва зиндагии худу фарзандонамро бо пули худам пеш мебарам, ба ин шарти шавҳарам, ки чанд сол боз дар ягон ҷо кор намекунад, розӣ нашуда, гуфтам, ки зада кушед ҳам, ман корамро намепартоям.
Хулоса, ҳамин тавр ҷангу ҷанҷол шудем ва ман кӯдаконамро гирифта қаҳр карда ба шаҳр ба хонаи падару модарам омадам, вале...
Бачаҳоям ҳар рӯз “оча, биёед хонаи худамон равем” гӯён, ҷонамро ба лабам меоранд. Ҳайрон мондаам, ки чи кор кунам. Медонам, ки агар ба хона баргардам, хушдоману хоҳаршӯйҳоям боз ба зиндагии ману шавҳарам биниашонро мехалонанд ва “остини занат кӯтоҳ, мӯяш буридагӣ, қошу чашмашро рангу бор кардааст...” гуфта, моро ҷанг меандозанд, наравам аз зиндаятим гаштани фарзандонам метарсам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Г. С, шаҳри Душанбе