Sebiston new 2024 october
Шикори навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Балашихои Маскав
520

 Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия торафт мураккабтар мегардад. Мақомоти қудратии ин кишвар дар Балахишои Маскав амалиёти навбатии “шикори муҳоҷирон”-ро роҳандозӣ намуда, даҳҳо нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар ҷараёни рейд мавриди таҳқир қарор доданд.

Дар шабакаи интернет наворҳои видеоие пайдо шудаанд, ки аз рафти амалиёти навбатии мақомоти рус алайҳи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Балашихои Маскав сабт шудаанд. Ин наворҳо аз муносибати бисёр дағалонаи мақомоти ин кишвар нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ гувоҳӣ медиҳанд. Аз ҷумла дар як навори видеоии дар Рутуб пахш шуда дида мешавад, ки чи тавр кормандони мақомоти қудратии Русия бо ғазаб дари хобгоҳи муҳоҷирони меҳнатиро зада мешикананд. Баробари ворид шудан ба хобгоҳ онҳо муҳоҷиронро мисли ҷинояткорони хавфнок рӯ ба замин мехобонанд, баъдан бо истифодаи зӯрӣ дастҳо ба пушт пешандоз карда аз хобгоҳ мебароранд ва амр мекунанд, ки рӯ ба девор гардонида, қатор истанд.

Гуфта шудааст, ки амалиёт шоми 27- октябр гузаронида шуда, муҳоҷирони дар рафти рейд ба чанг афтида, ба идораи пулис бурда шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД