Tayron Test For
Шифои муҳоҷирбачаи тоҷик аз коронавирус
6516

Салом ба аҳли қалам ва хонандагони сомонаи Oila.tj! Ман ҳам як нафар хонандаи доимии шумо аз шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Руссия. Мехоҳам ба Шумо оиди коронавирус ва тарзи сиҳат шудан аз он маълумот диҳам.

Бояд гӯям, ки ман худам каронавирус шуда, шукри Худо, ки сиҳат шудам. Дар автобус аз коргоҳ то хона омадам. Маҳз дар ҳамон ҷо аз касе ин вирус ба ман гузашт.Дар 4 рӯзи авал ҳароратам баланд шуд. Оҳиста – оҳиста сулфаи хушк пайдо кардам.

Дар хонаи иҷора мо ду нафар зиндагӣ мекунем. Худи ҳамон рӯз шарикам ҳам касал шуд. Дар аввал сахт тарсидам, ки дар ғарибӣ мемирам, аммо мақсад гузоштам, ки бояд ба тарсу ҳарос наафтида, бо ин вирус мубориза барам, Худо хоҳад ҳамааш мегузарад.

Ҳарчанд сахт беҳол будаму дам ба дам месулфидам, вале кӯшиш мекардам, ки хӯрок хӯрам. Қай мекардам, аммо боз мехӯрдам, ки ба ман қувват бахшад. Фақат доруи парасетамол ва биринҷоваи тезу гиёҳи тихач мехӯрдам. Вақте дидам, ки сахт мазаам нест, духтур ҷеғ задам. Духтур омаду тест гирифт ва гуфт, ки коронавирус шудаам. Хостанд маро ба беморхона ба карантин баранд, аммо “ҳар кас худаш табиби худаш аст”, - гуфта, рад кардам. Бо зӯрӣ бурданӣ шуданд, пофишорӣ кардам, ки сиҳат мешавам. Баъди 5 рӯз такроран тест гирифта, гуфтанд, ки касал дар шумо аллакай гум шуда истодааст. Аз хурсандии зиёд гиря кардам.

Бовар кунед, ҳар қадаре худатро суст гирифтӣ, вирус ҳамон сахт мечаспад. Ба фикрам яку якбора 3 намуди касал мешавӣ, вақте ин вирус часпид. Барои сиҳат шудан аз ин вирус шарти асосӣ ба таҳлука наафтидан аст. Вақте одам касал шуд ё вирус ба баданаш часпид, набояд тарсаду худашро ба бистари беморӣ партояд. Ин вирус бисёртар одамони сустимунитету заифро пайгирӣ мекунад. Тарс ҳама вақт шахсро мешиканад. Дар ин ҳолат одамон бояд шикамашро сер кунаду асло гушна нагардад. Тез - тез чой хӯрдан даркор, то ки даҳон қоқ нашавад. Инчунин, бояд ҳамеша дастҳоро бо собун шуста, дар спирт тар кунед. Ин вирусҳоро мекушад.

Ман қариб 20 рӯз боз хобам. Шукр, ки баъди 14 – 15 рӯз каму беш беҳтар шудам ва ҳоло озодона аз ҷоям мехезам. Дуо мекунам, ки ин вируси лаънатӣ пойи номуборакашро ба Тоҷикистон намонад.

Зиёдулло,

шаҳри Нижний Новгороди Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Саъдулло 2020-04-24, 20:54
Ман дар хамин мавзехои Шумо ягон асос намебинам, хамин гуфта тавачухи хонандагонро ба худ чалб кунед Хар саф сатаи менависед насаб надорад Зиёдуллои Шумо??? Дар Рамазон меган шайтонхо ба занчир бастаанд лекин Шумо ба фикрам фирор кардаед
Посух
Мухочир 2020-04-24, 22:15
Ба як чиз хайронам.Шумо шифо ёфтед хуб ва худро табобат кардед оли.О чаро намегуед,ки барои муоличаи ин вабои аср кадом намуди дорухоро истифода кардед ва чи гуна.Дар як чанд чойхо хондам нафаре мегуяд,ки хароратам баланд шуд сулфа пайдо шуд ва Ман дар хона табобат кардам,ки вирус гум шуд.Ягон кас намегуяд,ки барои ин вирус фалон доруро истифода кардам.Ман низ айни хол дар ш Москва карор дорам ва аз санаи 3 апрел чунон бемор шудам,ки дар ин муддати умри худ ки 41 сол дорам хеч вакт нашуда будам.Харорати баланд зиёда аз 38.5 сулфа хаммаи намудаш бар Ман буд.бемадори,дарди устухонхо ва аз сулфаи зиёд то хатто истеъмол кардаги хурокро мепартофтам.Агане ягон иштихо надоштам.Рости мехостам ёри таьчили даьват намоям аммо дилам намешуд зеро хамрохам писарам буд хангоми маро бурдан писарам чи кор мекунад гуён даъват накардам.Кариб 15 руз дорухо мисли ТераФлю,парисетамол,барои сулфа як сироп,ки номашро фаромуш кардам истеъмол кардам.Шукри худо кариб як хафта шуд,ки саломатиам хуб буда мисли пешин саломатиам.Ногуфта намона,ки соли 2001 бемории илтихоби шуш (пневмония) дошта Ду маротиба шушро чаррохи карда будам.Тарси ман аз он буд,ки сулфаи зиёд ба шуши ман зиён расонида маро дар ин мулки гурбат халок мегардонад.Шукри худованд мекунам,ки имруз саломатиам хуб аст ва аз чизе шикоят надорам.Рости акнун намедонам,ки Ман низ ба ин вируси Коруно мубтало гашта будам ё не Худованди бузург медонад.Ба хар хол худро эхтиёт кунед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД

Tayron Test For 2