arzon replenishment
Шермуҳаммад Шоҳиён рафту Рустам Мирзозода раиси Суди Олии Тоҷикистон шуд
834

Имрӯз, 21-уми январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Аз ҷумла, мутобиқи банди 8-и моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шермуҳаммад Шоҳиён ва Раиси Суди Олии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода Рустам Пираҳмад ирсол гардидааст.

Қаблан Рустам Мирзозода Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД