1xbet
Шайтон ҳам аз одами бад дар гурез аст...
81

Дар давраи мо чархи фалак бесару по шуд,

Ноодомӣ авло шуду ислом риё шуд,

Аз дидани пастигарии ҳазрати инсон,

Шайтон ба паси пардаи ҳайронӣ баҷо шуд.

Вақте, ки ин байтҳоро хондам, бешак ба хулосаи муаллиф розӣ шудам. Зеро дар замони мо на ахлоқу одоб мондаасту на афкори созанде, ки садди роҳи ин падида гардад. Имрӯз касе раҳми каси дигарро намехурад ва мусулмон бародари мусулмон нею душмани ӯ шудааст. Чаро?

Ба андешаи ман, молу пули дунё ҳамаро аз ҳамдигар ҷудо карда истодааст. Ҳамарӯза мо мебинем, ки сари тақсими мерос ва ё қарздории ҳамдигарӣ ва ё як гапу кори ночизе падару писар ва ёхоҳару додар дар ҷангу ҷидоланд.

Ба наздикӣ як ҳамгузари мо танҳо ба хотири он, ки зани додараш ӯро ба тӯи як хешаш даъват накардааст, рӯю мӯканӣ кард ва кор бо даъвати милиса анҷом ёфт. Ҳамаи ин чанд сабаб дорад. Авалан гуфтаи муллои имрӯза таъсире ба ҷомеа надорад ва панду андарзҳои онҳо, ки такя ба гузаштаи дур мекунанд, ба ҷавонони имрӯза ибрат шуда наметавонад.

Баъдан шиори “гуфтаи муллоро куну кардаашро не...” дар шароити имрӯза номувофиқ аст ва ҳар кореро, ки мулло мекунад, қавмаш аз паси ӯ меравад. Агар мулло мошини нав харад, пайраваш низ кушиш мекунад, ки аз ӯ қафо намонад. Агар мулло зани дуюму сеюм гирад, шогирдаш низ аз вай пайравӣ мекунад. Ман ин ҷо танҳо он муллоҳоеро дар назар дорам, ки қавми худро “тарбия” карда наметавонанд ва суханашон танҳо сухан боқӣ мемонад. Аз ин хотир, ба қавле, шайтон ҳам аз ин ҷомеа дар гурез аст.

Муҳаррама САИДЗОДА, омӯзгор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД